Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Қатар ба ниёзмандони кишвар 1800 кг гӯшт тақдим менамояд

0
91

Бахшида ба иди саиди Курбон 10-11 июли соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба ниёзмандони кишвар 1800 кг гӯшти гов таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақдим менамояд.
Ин кумак ба Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб- интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе (50 кг), Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе (50 кг), Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”-и шаҳри Душанбе (50 кг), Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе (100 кг), Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе (100 кг), Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат”-и шаҳри Душанбе (100 кг), Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва иноватсияҳо”- шаҳри Душанбе (60 кг), Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и шаҳри Душанбе (60 кг), Маркази саломатии шаҳрии №4-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Маркази саломатии шаҳрии №5-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Маркази саломатии шаҳрии №8-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Маркази саломатии шаҳрии №9-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Маркази саломатии шаҳрии №10-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Маркази саломатии шаҳрии №13-и и шаҳри Душанбе (30 кг), Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб-интернати №5”-и шаҳри Душанбе (75 кг), Хонаи кӯдакони синни томактабии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (75 кг), Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ (75 кг), Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ (75кг), Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кулоб (70 кг), Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кулоб (70 кг), Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кулоб (70кг), Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори Танобчии ба номи Шукуров Раҳмони ноҳияи Темурмалик (75 кг), Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод (75 кг), Мактаб-интернати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон (150 кг), Хона-интернати шаҳри Леваканди вилояти Хатлон (120 кг), Хона-интернати ҷамояти Чорбоғи ноҳияи Варзоб (120 кг).) таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ такдим мегардад.
10 июли соли 2022 ҶҲАТ алакай ба Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб- интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат”-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва иноватсияҳо”- шаҳри Душанбе ва Хона-интернати ҷамояти Чорбоғи ноҳияи Варзоб гӯшти гов тақдим намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон низ аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба як микдор ниёзмандони кишвар кумаки озуқаворӣ такдим карда шуда буд.


Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 10 июли соли 2022