ОБЩЕСТВО

красного полумесяца таджикистана

THE RED CRESCENT

SOCIETY OF TAJIKISTAN

ҶАМЪИЯТИ

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН

ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

МАҚСАДУ МАРОМИ ҶҲАТ

Мақсади асосии ҶҲАТ, ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои мӯҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодиашон ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.

Мароми ҶҲАТ сабук гардонидани азоби мардум сарфи назар аз макон ва бе ҳеҷ гуна тафриқа мебошад. ҶҲАТ дар мавриди зарурӣ кӯмаки беғаразонаашро тавассути аъзоён ва ихтиёриёни худ дар асоси эҳтиёҷмандии аҳолӣ мерасонад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶҲАТ

Паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстӣ ва арзишҳои башардӯстии Ҳаракати Байналмиллалии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар, тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, хифзи саломатӣ, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа, аёдати шахсони ниёзманд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, баргузории курсҳои омӯзишии забони русӣ, компютер ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон барои муҳоҷирон корӣ ва аҳли оилаи онҳо ва ғайраҳо.

Яке аз афзалиятҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар он аст, ки дар ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо бахшҳои худро дорад. Ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳалли зист, ҷойи кору таҳсил ташкил карда шудаанд.

Тӯли панҷ соли охир беш аз 25,000 нафар, ки аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зарар диданд, аз ёриҳои муштараки ҶҲАТ ва ҳамкоронаш бархӯрдор гаштанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рушд ва тақвияти шӯъбаҳои минтақавии худро идома медиҳад, то фаъолияти онон бо қишрҳо ва мардуми осебпазир муассир бошад.

Read More
Back to top