ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Шуъбаи Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Бартарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нисбати дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки таҷрибаи бойи корӣ (аз соли 1927) ва сохторҳои ҳозиразамонӣ пуриқтидоре дорад. Дар ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо бахшҳои худро дорад. Ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳалли зист, ҷойи кору таҳсил ташкил карда шудаанд. Шуъбаи Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Аз соли 2007 ҶҲАТ ба Оинномаи нав гузашт. Сохтори роҳбарӣ аз иҷроия ҷудо шуданд. Ҳуҷчатҳои дохилии ҶҲАТ, ки фаъолияти бахшҳои ва маҳаллиро батанзим меоранд, аз нав тартиб шуданд. Тавассути дастгирии ҳамкорон 4 бахши ҳудудӣ 29 бахши маҳаллӣ соҳиби бинои маъмурӣ шуданд. Шароити корӣ барои ҳамаи бахшҳои ҳудудӣ ва маҳаллӣ муҳаё карда шуд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 2 бахши вилоятӣ, 2 бахши минтақавӣ, 16 бахши шаҳрӣ ва 49 бахши ноҳиявиро муттаҳид мекунад. Омодагии ҳамаҷониба дар амалисозии барномаҳои рушди иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ бо даъвату ташаббусҳои ватандўстона, бо андешаву гуфтору рафтори неки худ дар пешрафти ҷомеаамон изҳор намуда, ба хубӣ дарк менамоем, ки номи ихтиёрӣ, аъзо ва корманди ҶҲАТ масъулияти бештареро тақозо менамояд. Фаъолияти ҶҲАТ барои мусоидат намудан ҷиҳати истиқрори бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ, мувофиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ, ба вижа дар чаҳорчўбаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи эҳсонкорӣ», «Дар бораи истифода ва ҳифзи нишон ва номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва дигар дастурҳои Ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст.

Мақсади асосии шуъба расонидани ёрии самаранок ба ҷамъият барои қонеъгардонии талаботи маҳалл мутобиқи имкониятҳои доштаи сохторҳои ҶҲАТ, воридкунӣ ва идоракунии дигаргуниҳо, мустаҳкамкунии иқтидори ҶҲАТ тавассути мустаҳкамкунии сохторӣ (бахшҳои ҳудудӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ) барои пасткунии озорбинии ҷомеаҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, бемориҳои паҳншаванда бо дарназардошти арзишҳои Ҳаракати байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад.

Вазифаҳои шуъба – мустаҳкамкунии иқтидори ҶҲАТ дар расонидани хизматҳои босамар ба табақаҳои озордидаи аҳолӣ тавассути чунин равандҳои рушди ташкилӣ:

- Мусоидаткунӣ ба фаъолияти сохтори нав, бо ҷудокунии мураттаби вазифаҳои роҳбарӣ ва идоракунӣ ва идоракунии самараноки барномаҳо ва сохторҳои ҶҲАТ

- Беҳтракунии системаи қоидаҳои ҶҲАТ барои рушди манобеи инсонӣ дар идоракунии ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ дар ҳамаи сохторҳо

- Васеъкунии бохабарии аҳолӣ дар сатҳи ҷомеа, маҳал, минтақа, ҷумҳурӣ дар бораи ҶҲАТ тавассути айёният ва шаффофияти кор

- Мустаҳкамкунии сохтори ҷавонони ҶҲАТ ва якҷоякунии фаъолияти ҷавонон дар ҳамаи барномаҳо ва ғайраҳо.

Back to top