ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Шуъбаи тиббӣ иҷтимоӣ

Фаъолияти Шуъба

Фаъолияти оиномавӣ ва барномавии шуъбаи иҷтимоӣ-тиббии ҶҲАТ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» № 923 аз 28.12.2012, Оиномаи ҶҲАТ, Стратегияи 2020 Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Стратегияи рушди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки 12 январи соли 2016, №31 тасдиқ карда шудааст, Барномаи миллии оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015, ки 30 октябри соли 2010, №562 тасдиқ шудааст, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикстон барои солҳои 2010-2015, ки 30 декабри соли 2009, №694 тасдиқ гардидааст ва Барномаи миллии ташакули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикстон барои солҳои 2011-2020, ки 30 октябри соли 2010, №560 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи асосии фаъолияти шуъба рушди низоми хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, гардиши стратегии тандурустӣ нисбат ба модели ҳамгироии кӯмаки аввалияи тиббӣ, ташкили кӯмаки полиативӣ, кӯмак ба беморон ва маъюбон, такмил додани заминаи иттилоотии идоракунӣ, рушди барномаҳои тандурустӣ, ки бо ҷалби ҷомеа равона гардидаанд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои зикргардида дар айни замон дар сатҳи шуъба фаъолияти 2 лоиҳаи дарозмуддат ва 2 лоиҳаи кутоҳмудат ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади васеъ намудани фаъолияти Шуъба, тибқи ҳадафҳои стратегӣ тулли соли 2016 аз тарафи шуъбаи иҷтимоӣ-тиббии ҶҲАТ, мувофиқи пешниҳодҳои маблаѓгузорон як чанд лоиҳа тайёр намуда ба донорҳо равона карда шудааст. Аз он ҷумла: Лоиҳаи «Паст намудани зарар аз нашъамандӣ», барномаи «Солимии ҷомеа ва ёрии аввал» ба сафоратхонаи ИМА ва Хазинаи «Подшоҳи Солмон», Арабистони Саудӣ. Мувофиқи супориши Котиби Генералии ҶҲАТ ба Ҷумҳурии Исломии Қатар лоиҳаи оид ба баланд бардоштани савияи дониш ба табобати сили шакли мутобиқгашта омада ва пешкаш шудааст. Инчунин лоиҳаҳои «Қатораи башардустӣ» ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия, «Хадамоти аёдат» ба Вазорати ҳолатҳои фавкулодда» Федератсияи Россия ва «Табобати бемории сил ба шаҳсони гирифторшудаи ВНМО» ба ташкилоти UNITAID. Аз лоиҳаҳои номбурда лоиҳаи «Паст намудани зарар аз нашъамандӣ» ва «Солимии ҷомеа ва ёрии аввал» аз ҷониби Хазинаи «Подшоҳи Солмон», Арабистони Саудӣ ва лоиҳаи «Қатораи башардустӣ» аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия дастирии худро ёфт.

Бо мақсади ҳамкории самаранок бо соҳторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз моҳи августи соли 2016, ҶҲАТ ҳамчун аъзои гурӯҳи кории техникии Кумитаи Миллии координатсионӣ назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҶҲАТ бо зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамкориро ба роҳ мондааст, аз ҷумла Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ, Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ, шуъбаи байналмилалии Вазорат, муассисаи давлатии аккредитатсияи тиббӣ, марказҳои ҷумҳуриявии зидди бемории сил ва ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим.

Мутобиқӣ банди 61-и Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2016-2020 оид ба беҳтар намудани ваъзи саломатии аҳолии осебпазир тавассути таъмини дастрасии бехатар ба оби тозаи ошомиданӣ ва шароитҳои санитарӣ-гигиенӣ, фаъолияти лоиҳаи «Об ва беҳдоштӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар чаҳорчубаи лоиҳа барои рушди сохтмони системаи об таъминкунии чашма аз тарафи Салиби Сурхи Испания маблаѓбарои беҳгардонии дастрас ба оби нӯшокӣ аҳолии деҳаҳои НТМ, деҳаи Султонобод-2-и ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рудакӣ, деҳаи Фатҳобод-2-и ҷамоъати деҳоти Қалъаи Лаби - оби ноҳияи Тоҷикобод ва деҳаи Оби Ҳаёти ҷамоати деҳоти Шинг дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суѓд, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва тарзи истифода бурдан ба аҳолии деҳоти ҶТ дар бобати беҳдошти ва гигиена бо роҳи сафарбаркунии ҷомеъа равона карда шудааст.

Мутобиқи банди 61 Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2016-2020 оид ба беҳтар кардани саломатии аҳолӣ тавассути пешгирии бемориҳо, тарѓиби тарзи ҳаёти солим, донории хун, кам кардани ҷароҳат ва омӯзонидани малакаҳои расонидани ёрии аввал фаъолияти лоиҳаи «Ленд Ровер баҳри саломатӣ» ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа омӯзиши аҳолии деҳот бо қоидаҳои расонидани ёрии аввал, пешгирии бемориҳои сироятӣ. Дар сатҳи лоиҳаи «Ленд Ровер баҳри саломатӣ» дар давоми соли 2016 120 ихтиёриони лоиҳа дар байни 46186 аҳолии деҳот омӯзиш гузарондаанд, ки ин нисбат ба соли 2015 – 87% афзоиш ёфтааст.

Мавриди зикрд аст, ки дар сатҳи лоиҳа 7 лоиҳаи хурди обтаъминкунӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2015 – 43% афзоишро нишон медиҳад (4 лоиҳа дар соли 2015). Ба ѓайр аз он дар сатҳи лоиҳа барои 4 нафар маъюбони ноҳияҳо 4 ҳамоми замонавӣ сохта шудааст. Бо ташаббуси яке аз ихтиёриони лоиҳа дар деҳаи Шахри Сабзи ноҳияи Рашт китобхонаи нав фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки дар айни ҳол бо зиёда аз 2000 адад китобҳои адабӣ ва таълими таъмин карда шудааст. Ба ѓайр аз он ихтиёриони лоиҳа дар даври фаромадани тарма дар деҳаҳои Фатхобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод, фаъолона дар эътинои ҳолати фавқулоддаи зикргардида иштирок намудаанд, аз он ҷумла гузаронидани аҳолии деҳаҳо ба ҷойҳои бехатар, кӯмак намудани равонӣ, иштирок дар навбатдорӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва ѓайра. Дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ихтиёрион 4000 (чор ҳазор) сомониро ҷамъ намудаанд барои кандани ҷуйбори селгузар бо техникаи махсус ба иҷора гирифташуда.

Дар давоми соли 2016 дар сатҳи лоиҳаи зикргардида 19 ташкилоти ибтидоӣ ташкил карда шудаанд ва аз ҷониби менеҷери лоиҳа дар сатҳи гузаронидани омӯзишҳои ёрии аввал барои ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ 45 000 (чилу панҷ ҳазор) сомони ба хазинаи ДИ КМ ҶҲАТ ворид карда шудааст.

Ба ѓайр аз он мутобиқи банди болозикри Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2016-2020 оид ба рушди хадамоти шафқат ва таъмини дастрасии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимои ва мутобиқи банди 31-и Нақшаи кории ҶҲАТ барои соли 2016, Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода барои 30 нафар пиронсолони яккаву танҳо шаш маротиба дар як ҳафта, бо дастгирии Заводи алюминии Тоҷикистон, хуроки гарм пешкаш менамояд.

Мутобиқи боби VII, банди 75 Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2016-2020 оид ба гузаронидани чорабиниҳои иттилоотонӣ-равшаннамоӣ ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва фаҳмиш, фаъолияти лоиҳаи кутоҳмуддати «Қатораи башардӯстӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар сатҳи лоиҳаи зикргардида, ки аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Туркия маблаѓгузорӣ карда шудааст, кормандони ҶҲАТ 3 маротиб корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ, ташаккули тарзи ҳайёти солим ва масалаҳои ҳуқуқӣ дар байни мусофирон, ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ, қатораи хатсайри Душанбе – Москва гузаронидаанд. Дар сатҳи лоиҳаи зикргардида ба 800 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ва 300 нафар шаҳрвандони Федератсияи Россия маълумот расонида шудааст. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкории зиҷ бо Барномаи рушди Ташкилоти Умумиҷаҳонӣ, ЮНЭЙДС, Корхонаи воҳиди «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Салиби Сурхи Россия ва ФБСС ба роҳ монда шудааст. Буҷаи лоиҳаи зикргардида 10 000 доллари ИМА-ро ташкил дод ва иҷроиши нақшаи молиявӣ пурра иҷро гардидааст.

Мутобиқи банди 61, зербанди 2 Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2016-2020 оид ба дастгирии иҷтимоӣ ва психологӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷониби Шабакаи Аврупоии зидди бемориҳои ВНМО, сил ва нашъамандӣ лоиҳаи кутоҳмуддат дастгирӣ карда шудааст. Фаъолияти лоиҳаи зикргардида бахшида ба рӯзи байналмилалии зидди бемории ВНМО равона карда шудааст. Дар фаъолияти лоиҳаи мазкур гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ ба донишҷӯён, маҳбасон ба нақша гирифта шудааст. Ба ѓайр аз он кӯмаки иҷтимои ва психологӣ ба нашъамандони тазриқи, кӯдакони сироятшудагони ВНМО дар назар мебошад. Ҷаъмбастии лоиҳа бо тариқи консерти хайриявӣ бо иштироки ситораҳои саҳнаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Фаъолияти мутахассисони Дармонгоҳи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Мутобиқи номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи марказии ҶҲАТ, Дармонгоҳи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз зерсохтори Кумитаи марказии ҶҲАТ мебошад. Дар давраи фаъолияти Дармонгоҳ қабули шаҳрвандони ниёзманд, ки бо аризаҳои махсус ба Бахши ҶХАТ дар ш.Душанбе муроҷиат мекунанд бо таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар даври нуҳ моҳи соли 2016 аз ҷониби Бахши ҶХАТ дар ш.Душанбе 251 шаҳрванд барои ташхис ва табобати ройгон равона карда шудаанд. Ба ѓайр аз он дар асоси мактуби Заводи ортопедии ш.Душанбе, мутахассисони Дармонгоҳ ҳар моҳ 5 нафар маюбонро, ки дар қайди заводи номбурда мебошанд, бо таври ройгон қабул ва табобат менамоянд.

Дар асоси фармоиши Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ аз 22 феврали соли 2016, тахти №2 оиди гузаронидани мониторинг дар фаъолияти дармонгоҳи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон, мутобиқи банди 16 Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти самараноки дармонгоҳ санҷиши фаъолияти Дармонгоҳи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар давраи аз 23 то 25 феврали соли ҷорӣ санҷиши фаъолияти Дармонгоҳ гузаронида шудааст. Дар давраи гузаронидани мониторинг якчанд камбудиҳо муайян карда шудаанд, аз он ҷумла: қабули шаҳрвандон мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии пешниҳодшудаи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ гузаронида намешавад; дорухонаи Дармонгоҳ, ки дар назди Дармонгоҳ фаъолият мекунад бо фуруши маводи доруворӣ машѓул мебошад, лекин иҷозатномаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оиди фаъолияти фармасевтӣ надорад; Дармонгоҳ то айни ҳол мувофиқи қарори №600 «Тартиби гузаронидани акредитасияи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 09.09.2014, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудааст аз акредитатсияи расмӣ нагузаштааст. Аз ин лиҳоз аз тарафи Шуъба ҳуҷҷатҳои расмӣ тайёр намуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда шудааст ва таърихи 14 апрели соли ҷорӣ дорухонаи Дармонгоҳ соҳиби иҷозатномаи оид ба фаъолияти фармасевтӣ гаштааст. Ҳуҷҷатҳои лозими барои гузаронидани акредитасия ба Хадамоти дахлдор пешкаш карда шудааст ва моҳи августи соли ҷорӣ санҷиши аввалия аз тарафи комиссияи акредитатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Комиссияи номбурда дар даври гузаронидани санҷиш як қатор камбудиҳоро муайян кардааст, аз он ҷумла – истифода набурдани протоколҳои клиникӣ, ки аз тарафи Вазорат тасдиқ карда шудааст; то айни ҳол Дармонгоҳ дорои Низомнома нагардидааст; инчунин Дармонгоҳ нархномаи хизматрасонии тиббиро мувофиқа ва тасдиқ накардааст. Камбудии муайянгардидаро ба инобат гирифта аз тарафи шуъба ҳуҷҷатҳои лозими тайёр намуда ба Комиссияи Вазорат пешкаш карда шудаанд, аз он ҷумла протолҳои клиникӣ, Низомномаи Дармонгоҳ. Нархномаи хизматрасонии Дармонгоҳ тайёр намуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешкаш карда шудааст ва дар айни ҳол дар сатҳи баррасӣ мебошад. Аммо, мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то бартараф намудани камбудиҳои мавҷудбуда фаъолияти Дармонгоҳ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ боздошт карда шудааст. Новобаста аз он, ки аз ҷониби шуъба ва Дармонгоҳ ҳуҷҷатҳои лозимӣ пешкаш карда шудаанд, фармоиши расмӣ аз ҷониби Вазорат барои оѓози фаъолияти Дармонгоҳ пешкаш карда нашудааст.

Дар соли 2016 аз ҷониби духтури занона 6407 нафар ташҳис гузаронида шудааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2015 3% зиёд мебошад; духтури дандон – 137 нафар, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2015 – 2% зиёд мебошад; духтури кӯдакона – 2886 нафар, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2015 – 15% зиёд мебошад; эндокринолог – 179 нафар, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2015 – 17% зиёд гардидааст; духтури муолиҷавӣ – 3753 нафар аз ташхис гузаронидааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2015 1% кам гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки соли 2015 бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти нави Дармонгоҳ дар сатҳи гузаронидани гемодиализи хун, ба суроѓаи Дармоногҳ 5 адад системаи гемодиализ истеҳсоли Олмон, бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шудааст. Барои оѓози фаъолият бинои алоҳида ҷудо карда шудааст, таъмири бино ва тачҳизонидани он, мутобиқи талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ ва сухторнишонӣ гузаронида шудааст. Дар айни замон ҳуҷҷатҳои лозим барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти маркази гемодиализи Дармонгоҳ омада мебошанд. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳои комиссияи аккредитатсионӣ ва нархномаи Дармонгоҳ ҳуҷҷатҳои зикргардида ба Хадамоти дахлдор равона карда мешаванд.

Мувофиқи накшагирии чорабиниҳо бахшида ба рузи умумиҷаҳонии мубориза ба зидди бемории сил дар моҳи апрели соли 2016 марафони байналмиллалӣ гузаронида шудааст, ки дар ин марафон се нафар ихтиёриёни Ҷамъият, ду нафар ихтиёриони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон ва як нафар ихтиёрӣ аз Салиби Сурхи Россия дар дохили қатораи хатсайри Душанбе-Москва корҳои иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронидаанд.

Back to top