ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Шуъбаи коргузорӣ ва назорат

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ дар асоси қарори Кумитаи марказии ҶҲАТ аз 16.01.2015. №1 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи, сохтор ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Шуъбаи коргузорӣ ва назорат тибқи вазифаҳои ба шуъба вогузор шуда фаъолият намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Фаъолияти оиномавӣ ва барномавии шуъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ дар асоси қарори Кумитаи марказии ҶҲАТ аз 16. 01. 2015, №1 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи, сохтор ва ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Бо қарори Кумитаи марказии Ҷамияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз 12.01.2016 «Дастурамали коргӯзори дар Ҷамияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши ҷамъият дар аввали соли ҷорӣ, низомномаҳо, дастурамалҳо, сохтор ва басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҷамъият ва буҷаҳои лоиҳахо ва бахшҳои ҶҲАТ таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Инчунин аз ҷониби Шуъбаи коргузорӣ ва назорат лоиҳахои «Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва лоиҳаи созишномаи коллективӣ байни ҶҲАТ ва Иттифоқи касабаи кормандони ҶҲАТ таҳия гардида, аз ҷониби роҳбарияти ҶҲАТ ба имзо расонида шуданд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои «Дастурамали коргузорӣ дар ҶҲАТ» лоиҳаи Оинномаи ҶҲАТ дар таҳрири нав таҳия карда шуд.

Шӯъбаи коргузори ва назорат тибқи «Дастурамали коргӯзори дар Ҷамияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» фаъолият бурда дар соли 2016 ҳамаи мактубҳо, гузороишҳо, супоришҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ДИ КМ ҶҲАТ ворид ва аз ҶҲАТ бо мақомоту идораҳои давлатӣ ирсол гардиданд тибқи тартиби муқаррар гардида ба қайд гирифта онҳоро ба шуъбаҳо ва бахшҳои дахлдор ирсол карда шуд.

Аз ҷониби шуъбаи коргузорӣ ва назорат 12 лоиҳаи қарорҳои Кумитаи марказӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2015 – 25% афзоиш ёфтааст (9 лоиҳа дар соли 2015) 5 лоиҳаи қарори Раёсати ҶҲАТ (4лоиҳа дар соли 2015) ва 1 лоиҳаи фармоиши Котиби генералӣ (22 лоиҳаи фармоиши Котиби генералӣ дар соли 2015) таҳия ва тасдиқ гардида, дар ин давраи ҳисоботӣ 3 ҷаласаи Дастгоҳ ииҷроияи Кумитаи марказӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа, фаъолияти ҶҲАТ бо иштироки кормандони ДИ КМ ва Котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ гузаронида шуд. Дар 5 ҷаласаи назоратии назди Котиби генералӣ (8 ҷаласаи назоратии назди Котиби генералӣ,дар соли2015) ва дар 6 маҷлиси назоратии назди муовинони Котиби генералӣ ( 3 ҷаласаи назоратии назди Котиби генералӣ, дар соли 2015 ) оид ба масъалаҳои гунонгун иштирок намуд.

Бо ташаббуси шуъба 7 гузориш ва дархостҳо ба роҳбарияти ҶҲАТ оид ба масъалаҳои гуногун пешниҳод карда шудааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2015 гардиши ҳуҷҷатҳо 16,7% афзоиш ёфтааст.

Back to top