ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Шӯъбаи фондрайзинг

Шӯъбаи фондрайзинг қисми таркибии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоӌикистон буда, аз соли 2016 ҳамчун Шӯъба дар назди Дастгоҳи иӌроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоӌикистон фаъолият дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки қисман фаъолияти Шӯъбаи фондрайзингро пештар Шӯъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ пеш мебурд. Бо мақсади баланд бардоштани потенсиали ӌамъият аз тарафи Дастгоҳи иӌроияи Кумитаи Марказӣ Шӯъбаи фондрайзинг ҳамчун шӯъбаи мустақил таъсис ёфт. Имрӯз дар Шӯъба 3 корманд фаъолият доранд: сардори шӯъба ва 2 мутахассис.


Дар давоми як соли фаъолият дар Шӯъба пешравиҳо дида мешаванд. Дар ин муддат кормандони шӯъба тавонистанд ба шарикони рушд муроӌиат карда, миқдори барномаҳои фоидаоварро зиёд намоянд. Имрӯз дар бахшҳои ҶҲАТ чандин барномаҳои фоидаовар фаъолият доранд: дар ноҳияи Ҳисор сехи равғанбарорӣ; дар н. Варзоб занбӯри асалпарварӣ; дар н.Файзобод занбӯри асалпарварӣ; дар н. Нуробод занбӯри асалпарварӣ; дар н. Сангвор занбӯри асалпарварӣ; дар н. Рашт картошкапарварӣ ва сехи нонпазӣ; дар н. Лахш картошкапарварӣ; дар н. Тоӌикобод занбӯри асалпарварӣ; дар н. Фархор занбӯри асалпарварӣ; дар н. Шамсиддини Шоҳин бунёди боғ; дар н. Ванӌ индюкпарварӣ; дар н. Мурғоб қутоспарварӣ; дар ш. Панӌакент занбӯри асалпарварӣ; дар н. Носири Хисрав гармхона барои парвариши памидору бодиринг. Дар умум 14 барномаи фоидаовар фаъолият дорад. Аз ин миқдор 7- тоаш барномаи тозабунёд мебошад, ки дар соли 2016 ташкил шудаанд.


Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз ҳисоби барномаҳои фоидаовар мардуми ниёзманди маҳал ба қадри имкон дастгирӣ меёбанд. Имрӯзҳо кормандони Шӯъба ҳаракат доранд, ки аз ҳисоби фоидаи барномаҳои фоидаовари амалкунанда дар дигар шаҳру ноҳияҳое,ки баномаи фоидаовар надоранд, вобаста ба иқлим, боз барномаҳои нави фоидаоварро амалӣ гардонанд. Аллакай оиди ин амали нек нақшачорабиниҳо дида шуда истодаанд. Аз ҳисоби барномаҳои фоидаовар ба хазинаи ҶҲАТ аз ноҳияи Рашт 5382 сомонӣ; аз н. Лахш 3000 сомонӣ; аз н. Фархор 3000 сомонӣ; аз н. Варзоб 35 кг асал ворид гардид. Инчунин кормандони Шӯъба ба таври доимӣ аз рӯи нақшачорабинии тартиб додаи солона бо шарикони рушд дар ҳамкории зич мебошанд, то ин ки ӌиҳати амалӣ гардонидани нақшаҳои пешбинишуда имкониятҳои нав дарёфт намоянд.


Шӯъба тавонист аз ҳисоби маблағҳои ӌамъоваригардида ба чанд хона-интернатҳо кӯмак расонад: ба Хона-интернати №4 шањри Душанбе ба маблаѓи 19025 сомонї, ба Хона- интернати №1 шањри Душанбе ба маблаѓи 15320 сомонї, ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рўњии ноњияи Восеъ» ба маблаѓи 15300 сомонї, ба Шўъбаи маорифи шањри Турсунзода ба маблаѓи 14985 сомонї ва ба Шўъбаи маорифи ноњияи Шањринав ба маблаѓи 2500 сомонї, љамъ дар умум ба маблаѓи 67130 сомонї кўмакњои хайриявї расонида шуд.


Мувофиқи нақшаи пешбини гардида Шӯъба бо дастгирии роҳбарияти ҶҲАТ ният дорад, ки дар соли ӌори низ дастгири шахсони ниёзманд бошад.

Back to top