ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Шуъбаи таъминоти моддию техникӣ

Шуъбаи таъминоти моддию техникии Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ШТМТ ДИ КМ ҶҲАТ), фаъолияти худро бо ҳамаи шуъба ва бахшҳои ДИ КМ ҶҲАТ, зерсохторҳои он, Намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷаъмиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (минбаъд - ФБҶСС ва ҲА), Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (минбаъд – КБСС), дар кишвар, Салиби Сурхи Олмон (минбаъд – ССО), Салиби Сурхи Финланд (минбаъд – ССФ) Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон (минбаъд – ҲАҶИЭ) ва дигар шарикони рушд ба роҳ монда аз рӯи барномаҳое, ки дар ДИ КМ ҶҲАТ ва зерсохторҳои он амал менамоянд дар ҳамкории буда, аз рӯи Контитутсия, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Оинномаи ҶҲАТ ва махсусан тибқи Қоидаҳои тартиби ташкил ва гузаронидани тендер дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияташро амалӣ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти ШТМТ:
Шуъба фаъолияти худро аз рӯи қонунгузории дар боло зикргардида ва Низомномаи шуъба ба роҳмонда, асосан аз рӯӣ чунин фаъолиятҳо амал менамояд:
- дар асоси дархост ва супоришҳои роҳбарияти ҶҲАТ дарстрас, интиқол ва таъмини моддию техникӣ аз рӯи ҳамаи барномаҳое, ки дар сохтори ҷамъият амал менамояд дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳо;
- пешбарии фаъолияти бонизоми инфрасохтории ҶҲАТ ва бахшҳои он, аз ҷумла: таъмир, таҷдид, сохтмон, назорат ва нигоҳдории биноҳои маъмурӣ, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва анборҳо;
- дар сатҳи зарурӣ нигоҳдоштани имконият ва захираҳои моддию техникии ДИ ҶҲАТ ва бахшҳои ҷамъият;
- Супурдани ҳисобот ва муқоисаи он бо шуъбаи молия ва иқтисод.
- Фаъолияти ҳуҷҷатгузори ва ҳуҷатнигорӣ дар шуъба
- Сохтмони ҳочатхонаи ошёнаи якуми бинои КМ ҶҲАТ.
- Танзим ва муҷаҳаз намудани бинои КМ ҶҲАТ бо маводҳои зиддисӯхтор.
- Ба ҳисобгирии (инвентаризация) доимӣ молу амволи ҶҲАТ.
- Ороиши саҳни ҳавлии КМ ҶҲАТ бо гулу сабзаҳо.
- Ороиши коридорҳои бинои Кумитаи Марказӣ бо расмҳои фаъолияти барномаҳо.
- Назорати доимии тозагии саҳни ҳавлӣ ва дохили бинои ДИ КМ ҶҲАТ ва ѓайраҳо.


Ҳамаи фаъолияти худро тибқи Қоидаҳои тартиби ташкил ва гузаронидани тендер дар ҶҲАТ ба роҳ монда, барои шаффоф гузаронидани тендеру озмунҳо ва таъмини баробарҳуқуқии иштирокчиён, ба воситаи ахбори умумии ватанӣ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои тендерӣ хоҳишмандонро ҷалб менамояд.

Back to top