ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ БАРНОМАИ «ИТТИЛООТ»

Таърих
Барномаи «Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» аз соли 2000 дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх амалӣ мегардад. Дар аввал ин барнома бо номи «Пахнкунии донишхо оиди ҳуқукӣ байналмиллалии башардӯстӣ» номгузорӣ шуда буд. Сипас, дар соли 2012 он ҳамчун барномаи «Қонун, принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмиллалии Cалиби Cурху Ҳилоли Аҳмар ва иттилоот» номгузорӣ шуда, аз соли 2013 номи барномаи «Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ»-ро гирифт.


Маркази иттилоотии ҶҲАТ
Соли 2013 Маркази иттилоотии ҶҲАТ дар доираи барномаи Иттилоот ва Ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ, ҷиҳати васеъ намудани воситаҳои иттилоотӣ созмон дода шуд. Он бо маводҳои иттилоотӣ, филмҳои хурд, наворҳо, буклетҳо ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли чопӣ давра ба давра таъмин гашта, робитаро бо ВАО-и ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷ, ташкилоту идораҳои ватаниву хориҷӣ дар доираи фаъолияти ҶҲАТ ва шарикони рушди он ба роҳ мемонад.

Максади барнома:
- Паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқукӣ байналмиллалии башардӯстӣ;
- тарғибу ташвиқоти усулҳои бунёдии Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;
- беҳтар кардани иттилооти дохилӣ ва берунии ҶҲАТ;
- иттилоъ додан оид ба фаъолияти Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва қисматҳои он;
- Барқарор намудани робитаҳои хуб бо васоити ахбори омма ва ғайраҳо.
- Барпо намудани семинару вохурихо, иқдомотҳои башардустона оид ба таърихи пайдоиши Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, фаъолияти барномахои ҶҲАТ дар байни хонандагони мактабхои миёна, донишгоҳҳои олӣ, кормандони муассисаву идораҳои давлатӣ, ғайри давлатӣ, созмонҳои ванативу хориҷи, ташкилотхои ибтидоӣ ва ихтиёриёни ҶҲАТ.

Фарогирии барнома:
Вилояти Суғд (18 шаҳру ноҳия), вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (7 шаҳру ноҳия), минтақаи Кӯлоб (10 шаҳру ноҳия), минтақаи Қурғонтеппа (15 шаҳру ноҳия), водии Рашт (5 ноҳия), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (14 шаҳру ноҳия).

Дастовардҳо:
- Барпо намудани семинару курсҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстӣ, Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломат ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар барои кормандони масъули соҳаи маориф;
- Зиёд намудани шумораи ихтиёриён, омузонидани ихтиёриён аз тарафи мутахассисони миллӣ ва байналмиллалӣ.
- Васеъ намудани ҳудуди фаъолият бо мақсади пурра фарогирии аҳолӣ;
- Фарогирии зиёда аз 50 ҳазор нафар оиди Ҳаракат ва ҶҲАТ дар 3 соли охир.
- Созмон додани сомонаи нави ҶҲАТ бо ахбороти фаврӣ;
- Омода намудани маводҳои иттилоотии даврагӣ.

Back to top