ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Маълумот оид ба фаъолияти барномаи «Барқароркунии Робитаҳои Оилавӣ (БРО) ва Ҳамсафар»

Номи шўъба: « Ҳолатҳои фавқуллода»

1. Таърихи фаъолияти барномаи БРО: Барнома аз соли 1993 инҷониб амалӣ гашта истодааст.
Максад ва вазифаҳои барномаи БРО:
Барномаи Баркарорсозии Робитахои Оилавӣ (БРО)яке аз шохаҳои асосии фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмар ба хисоб рафта, хамеша кушиш менамояд, ки ба пайвандони бедаракшуда кӯмак намояд. БРО аз соли 1993 инчониб фаъолият намуда корхои зиёдеро ба анчом расонидааст ва бо дастгирии КБСС то имруз шумораи дархосту мурочиатхо афзуда, доираи фаъоляти барнома руз аз руз васеъ шуда истодааст. Аз солхои 1992 то 1997, ки дар Чумхурии Точикистон ҷанги шахрвандӣ шуда гузашт ва чи кадар шахсон робитахои ойлавии худро гум сохтанд. Маҳз бо ин сабаб КБСС дар пеши худ мақсад гузошт, ки ин барномаро ташкил намояд то , ки ба мардуми ниёзманд кӯмак кунад.

Инчунин қайд кардан зарур аст,ки мардуми Точикистон дар мухочирати мехнатӣ дар Руссия, Қазоқистон ва дигар мамлакатхо умр ба сар мебаранд ва ба Ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумхурии Тоҷикистон бештар оилаҳое меоянд ва муроҷиат менамоянд, ки ба кофтукови пайвандони бедарак гум шудаашон саргардон мебошанд.

Дар давоми соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи солона, аз тарафи коркунони барнома як катор чорабинихо оиди барномаи БРО гузаронида шуданд. Аз чумла мизи мудаввар бо як катор намояндагони сохторхои давлатӣ, бо журналистон, вохӯриҳо бо мақомоти махаллӣ, кормандону ихтиёриёни ҶХАТ ва ғайрахо, ки хамаи ин ба манфиати ёрӣ ба мардуми ниёзманд ва мӯхтоҷ андешида шудаанд.

Дар давоми соли 2016, аз ҳисоби БРО 85 дархостхои ҷустучӯ аз хориҷ ва дохили кишвар қабул карда шуданд. Миқдори ҷавобҳо 45 буда, 29-то аз Руссия, 3-то аз Олмон ва 13-то аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Инчунин 8-то гувоҳномаҳо аз маҳзани суроғаҳои ҶТ фиристода шуданд. Шумораи ҷавобҳои мусбӣ 7-то мебошад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки аксарияти Пайғомхои Чустучӯ ки ба ҶҲАТ дохил мешаванд аз хешу табори муҳоҷирони мехнатӣ дар Руссия ё ин ки дигар мамлакатхо мебошанд.

Фарогирии барнома: Барномаи БРО дар саросари ҷумҳурӣ бо ёрии кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ бо дастгирии молиявии КБСС ба як нафар танзимгар дар КМ ва 6 нафар дар вилояту шаҳрҳо фаъолият мекунад ва ёрии башардӯстонаю беғаразонаи худро расонида истодааст.


2. Таърихи фаъолияти барномаи “Ҳамсафар”:

Барнома аз соли 2015 инҷониб амалӣ гашта истодааст. Барномаи Ҳамсафар дарТоҷикистон аз 5 лоиҳа иборат аст, ки то охири соли 2017 тамоми мамлакатро фаро хоҳад гирифт.
Барнома аз моҳи апрели соли 2015 татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар вилояти Суғд оғоз шуд. Дар моҳи сентябри соли 2016 бошад, фаъолияташро бо 2 лоиҳаи иловагӣ, дар Душанбе (аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва дар Водии Рашт оғоз намуд.
Инчунин дар нақша аст, ки барномаи мазкур дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон (Қурғонтеппа ва Кӯлоб) дар соли 2017 фаъолияти худро паҳн кунад ва аллакай давраи баҳодиҳӣ дар вилоятҳои мазкур оғоз шудааст. Фаъолияти асосии барнома дар якҷоягӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мешавад.

Максад ва вазифаҳои барномаи “Ҳамсафар”
Дар ин замина, истилоҳи «ҳамсафарӣ кардан» маънои « бо касе якҷоя будан» дорад. Ин пайванди байни оила ва шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои мухталиф ва таъмини дастгирии зарурӣ ба оилаҳо дар ҷомеа аст.

Инчунин ин як роҳи барпо намудани муносибатҳо дар асоси боварӣ ва фароҳам овардани муҳити дастгирӣ барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти гуногуни оилаҳои бедарак гумшуда ва хусусан дастгирии равонӣ мебошад.

Инчунин бо дастгирии КБСС дар заминаи барномаи мазкур як нафар корманд барои ташкил намудани “Хазинаи маълумотҳо” (База данных) оиди ҷустуҷу барои ҶҲАТ фаъолият менамояд. Дар ин “Хазинаи маълумотҳо” тамоми Дархостҳо ва Пайғомҳои Салиб Сурх ба қайд гирифта шуда онҳо доимо дар ҶҲАТ нигоҳ дошта мешаванд.
Сарпараст ва хамкорони барнома: Барномаи «Огоҳкунии Аҳолӣ аз Хатари Минаҳо» аз тарафи Кумитаи Байнамилалии Салиби Сурх (КБСС) кумаки молию маълумотӣ гирифта, дар ҳамкори зич бо Маркази миллииТоҷикистонӣ оид ба масъалаҳои мина (ММТММ) фаъолият мекунад.




Back to top