ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

21 майи соли 2019 дар толори марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) баромад оид ба Оинномаи нави ҶҲАТ барои кормандони Дастгоњи Иљроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ баргузор гардид.

Дар ин чорабинї зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва сардорони шуъбањои ҶҲАТ ва намояндагони бахши ЉЊАТ дар шањри Душанбе иштирок намуданд.

Дар чорабинї Аминзода Н., масъули иттилоот ва  њуќуќи байналмиллалии башардўстии ҶҲАТ  оид ба маќсаду маром ва зарурияти ќабули Оинномаи ҶҲАТ дар тањрири нав баромад намуда, ба саволњои иштирокчиён посухњои мушаххас дод.

Маќсад аз баргузории чорабинии мазкур ин шиносої ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони Чамъият оид ба Оинномаи нави ҶҲАТ буд.

Бояд ќайд намуд, ки Оинномаи нави ҶҲАТ соли 2018 тањия гардида, баъди мувофиќа бо Комиссияи муштараки Ҳаракти Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар бо ќарори Анљумани Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон санаи 22 январи соли  2019, №39 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумњурии Тољикистон аз 06 феврали соли 2019, №57 «Б» ба ќайди давлатї гирифта шудааст.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 21 майи соли 2019

Имрўз, яъне 21 майи соли 2019 аз љониби Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тољикистон боз як иќдоми хайриявї ба анљом расид. Ин иќдоми хайриявї аз маводњои озуќаворї ба фарзандони Рањмонова Гулбегим Абдурауфовнаи 29 сола, ки чанде ќабл дар шањри Клини Федератсияи Россия фавтида буд, иборат буд. Ин кўмак аз лињози орд (50кг), равғани растанӣ (3 литр), биринҷ (3 кг), шакар (3 кг), макарон (3 кг), лубиё (3 кг), наск (3 кг), нахӯд (3 кг), марҷумак (3 кг), чойи қоқ (чойи сиёҳ - 250 гр., чойи сабз - 250 гр.), намаки йоднокшуда (1 кг) иборат буд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 21 майи соли 2019

Бахшида ба «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» чорабинии расми бехтарин дар 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (назди сарҳади)  ноҳияҳои  Фархор,  Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дар ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод дар доираи барномаи «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» гузаронида шуданд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабини баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон оиди хатари минаҳо мебошад.

Дар озмӯни расми беҳтарин  зиёда аз 300  нафар хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияиҳои мазкур  иштирок намуданд, ки дар натиља хонандагони фаъоли муассисаҳо  љойњои намоёнро ишѓол намуда бо туҳфаҳо кадрдони карда шуданд.

К.Худойдодов, корманди бахши ҶЊАТ дар минтаќаи Кӯлоб                                   

3-майи соли 2019 дар кохи Иттифоќњои касабаи шањри Бохтар корсерти хайрияви бахшида ба Моњвораи Њилоли Ањмар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодон омўзгорон, ихтиёриён, аъзоён ва ѓайрањо иштирок намуданд.

Дар рафти ин чорабинї инчунин мањфили зарифон ташкил карда шуда, ба ѓолибон туњфањои хотиравї таќдим карда шуд.     

  

 

Back to top