ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Вохури бо намояндагони муассисахои тиббии вилояти Сугд

Санаи 13.02.2018 сол кормандони бахши вилоятии  ЉЊАТ бо дастгирии роњбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суѓд бо сардухтурони ташкилоту муассисањои тиббии миќёси вилоят вохўрї баргузор намуданд. Маќсад аз ташкили  чунин чорабинї ин пањн намудани иттилоот оид ба фаъолияти Њилоли Ањмар, љалби аъзоён ва волонтерон буд.

Сарраввал, чун њамешагї, доир ба таърихи пайдоиши Њаракати Байналмиллаии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар презентатсия намоиш дода шуд. Зимни баромад  маълумот оид ба расонидани кўмак  ба муассисањои тиббии вилоят тўли солњои охир аз љониби Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх махсус зикр гардид. Аз љумла, амалї гардидани 3 лоињаи инфрасохторї барои таъмири беморхонањо дар љамоатњои дењоти Чилгазии ноњияи Исфара, Дўстии ноњияи Ашт ва дењаи Ќўрѓончаи ноњияи Љаббор Расулов ва дастрас намудани таљњизотњои муосир ба  якчанд шўъбањои беморхонањои вилоят ќайд гардид.

Боиси зикр аст, ки сафи аъзоёни ЉЊАТ аз њисоби табибон ва њамширањои шафќат сол аз сол афзуда истодаст,  ки ин боиси ифтихори њам ташкилот ва њам муассисањои тиббї мебошад. Ин нуќтаро  Муборак Негматова - котиби иљроияи  бахши ЉЊАТ дар шањри Хуљанд  дар баромади худ гуфта гузашта  ќайд намуд, ки дар соли 2018 аввалин шуда аъзоњаќќиро кормандони марказњои саратоншиносї, эндокринологї, беморињои сил ва  беморхонаи вилоятї супориданд.

Дар фарљом кормандон барои дастгирї ва њамкории судманд ба сардухтурони ин муассисањои тиббї  арзи сипос намуда  даъватнома ба шоу-консерти хайриявї таќдим намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шоу-консерти хайриявї  санаи 14.02.2018 сол бо ибтикори бахши вилоятии ЉЊАТ баргузор хоњад гардид.    

 

Камолова Р., Масъули иттилооти бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд

 

 

Back to top