ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Мизи мудавар таҳти унвони "Рохи пешрафт" дар шахри Хучанд

Якчанд рўз ќабл дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи Давлати Хуҷанд (ДДХ) ба номи академек Бобољон Ғафуров бо ибтикори устоди донишгоҳи мазкур Шарипов Абдуҳаким мизи мудавар таҳти унвони "Роҳи пешрафт", бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид. Ректори ДДХ, профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сухани ифтитохӣ  ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҷараёни мизи мудаввар дотсенти кафедраи географияи табиӣ  Саидова Дилором Насимовна, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Файзуллоев Муҳиддин, донишҷуён  аз факултаи табӣатшиноси ва иститути санъат оид ба имкониятҳои мављудаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ чун ифодагари халқ ва сарчашмаи некуаҳвалии аҳолӣ маърузаҳои ҷолибро манзури шунавандагон намуданд.

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир, Котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тољикистон дар вилояти Суғд, аъзои Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи  Точикистон  дар вилояти Суѓд, ки ба мизи мудаввари мазкур даъват шуда буд, баромад намуда, оид ба моҳияти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишварамон, нақши донишҷуён дар ин ҷода фикрҳои муфидро ба иштирокчиёни чорабинї пешниҳод намуд.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, 14.03.2018

Back to top