ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба осебдидагони сел дар Панҷ ва Фархор ёрӣ медиҳад

12 июни соли 2018, шаҳри Душанбе.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ба осебдидагони сели ахир дар ноҳияҳои Панҷ ва Фархор дар ҷануби Тоҷикистон, наздикии марз бо Афғонистон, ёрии башардӯстона дар шакли бастаҳои рахти хоб ва бастаҳои таҷҳизоти ошхона ироа намуд. Дар Панҷ 369 оила ва дар Фархор 131 оилаи беш аз ҳама зарардида аз ин ёриҳо баҳравар гардиданд.

Боронгариҳои шадид ва давомдори миёнаҳои моҳи май нуҳ деҳа дар Панҷу Фархори вилояти Хатлонро зери сел гузошт. Дар натиҷаи сел, чанд сокини маҳаллӣ ҷони худро аз даст доданд, хонаҳо ва зерсохтори деҳот пурра ва ё қисман хароб шуд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соатҳои аввали офат Тимҳои миллии вокуниш ба офатҳои табиии худро аз Бохтар ва Кӯлоб ба маҳалли ҳодиса фиристод.

Дар ин радиф, Баҳодур Қурбониён, Котиби Генералии ҶҲАТ, мегӯяд: “Кормандон ва ихтиёриёни мо ба баҳогузории вазъи осебдидагон ҷалб шуда буданд ва ҳамчунин, ба онҳо ёрии аввали тиббӣ ва ёрии равонӣ-иҷтимоӣ расонида, дар кӯчонидани онҳо ба макони бехавф ва тоза кардани хонаҳо аз лой мусоидат намуданд”.

Дар посух ба дархости мақомот, ҶҲАТ ба 500 оилаи зарардидатарин дар ҳар ду ноҳия ёрии башардӯстона ихтисос дод. Шуҳрат Сангов, сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ, гуфт: “Одамон хонаҳо ва ашёву ҷиҳози худро аз даст доданд. Боғҳо ва ошхонаву ҳаммому оғилҳояшон вайрон шуд. Зиндагӣ дар хонаҳои зиёде имконнопазир аст. Одамон ба ашёи одие барои хоб ва таҳияи ғизо ниёз доранд, аз ин рӯ, мо зарардидагонро бо бастаҳои рахти хоб (бистар, кампал, болишт ва ғ.) ва бастаҳои таҷҳизоти ошхона (дегу коса, табақ, корду чумча ва ғ.), ҳамчунин, белу каланд таъмин кардем”.

Ин амалиёти башардӯстона дар ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони ҷамоатҳо гузаронида шуд. Ёриҳо тавассути Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (Disaster Relief Emergency Fund (DREF)-и ФБҶ СС ва ҲА расонида шуданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. ҶҲАТ, ки дар ҳамаи 69 шаҳру ноҳияи кишвар бахш дорад, дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Дар соли 2010 Порлумони ҶТ қонуни вижаи "Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани Ҷамъиятро эътироф кард. Нақшаҳои барномавии феълии ҶҲАТ бо ҳадафҳои саросарии ФБҶ СС ва ҲА ва Стротежии 2020 мувофиқанд.

Барои маълумоти бештар:

Шуҳрат Сангов, сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ

Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 

Back to top