ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

БОЗБИНИИ НАҚШАИ МИЛЛИИ ЭҲТИЁТИИ ВОКУНИШ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

29-30 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе нишаст оид ба бозбинии Нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. 

Масъулон ва ҳамоҳангсозони ҶҲАТ оид ба мудирияти ҳолатҳои фавқулода рӯзҳои 29-30 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд, то ҳамчунин, талаботи гузоришдиҳӣ, қонунгузориҳои байналмилалии ҳолатҳои фавқулода, таҳияи нақшаҳои корӣ ва баргузории иқдомҳо, ва инчунин, стротежии анҷоми барномаву лоиҳаҳоро баррасӣ намоянд.

Дар нишасти мазкур роҳбарияти ҶҲАТ, кормандони шуъбаҳои калидии ҶҲАТ, намояндагони марказҳои вокуниш ба ҲФ, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Созмони Миллали Муттаҳид ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ)  иштирок намуданд. Давоми ду рӯз, аз ҷониби иштирокчиён нақшаи ҷории вокуниши ҶҲАТ барои солҳои 2015-2018 аз нав ба пуррагӣ таҳти баррасӣ ва бозбинӣ қарор дода шуд.

Дар давоми моҳҳои наздик ҷиҳати бозбинии нақшаи мазкур вохуриҳои ҷудогона бо шарикони рушди ҶҲАТ дар назар аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки нусхаи охирини нақша бо роҳбарияти КҲФ ва МГ ҶТ мувофиқа шуда аз ҷониби роҳбарияти ҶҲАТ барои солҳои 2019-2023 тасдиқ мегардад. 

Қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон ба офатҳои гуногуни табиӣ осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ба монанди заминҷунбӣ, обхезӣ ва хушксолӣ, сел ва лағжиши замин, ҳамзамон ҳодисаҳои марбут ба ивазшавии обу ҳаво дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба чашм мерасад. Ҳамасола, хисороти зиёди молӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва техногенӣ беандоза буда, ҷиҳати коҳиши хавфи онҳо, ҳамзамон наҷоти ҳаёти одамон иқдомоти зиёдро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ талаб менамояд. Омодагии қаблӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва иқдомоти чораҳо оиди коҳиши онҳо ба паст кардани осебпазирӣ ва баланд бардоштани имконияти одамон ба вокуниш ва баланд бардоштани қобилияти одамон оварда мерасонад. 

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 4 июли соли 2018

Back to top