ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Баргузории семинари омузиши оид ба хукуки байналмилалии башардусти дар шахри Турсунзода

Рўзњои 01-03 августи соли 2018 дар осоишгоњи «Эдем»-и дењаи Ќаротоѓи шањри Турсунзода аз љониби Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) семинари омўзишї оид ба њуќуќи байналмилалии башардўстї баргузор гардид. Дар ин чорабинї 25 нафар намояндагони Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соњаи маориф, омўзгорони фанни њуќуќ ва таърихи муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон ва њамчунин кормандони масъули ЉЊАТ иштирок намуданд.

Дар нимаи якуми рўзи аввали семинар Нодир Аминзода, њамоњангсози барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўсти»-и ЉЊАТ оид ба таъриху фаъолити Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) ва аломатњои Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар баромадњо намуда, оид ба ин мавзуъњо филмњои мустанад намоиш дод.

Сипас, Раљабов Саидумар, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, Сардори шуъбаи байналмилалии Донишкадаи философия, илм ва сиёсати ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 6 мавзуъхои мубрам ба њуќуќи байналмилалии башардўстї (ЊББ) баромадњои мушаххас намуд.

Махсусан дар ин семинар оид ба асосхои ҲББ, мафхум, сарчашмахо, принсипхо ва намудњои он, муоњидањои Женева ва њимояи ќурбониёни љанг, усулњо ва воситањои пешбурди амалиёти њарбї, њимояи махсуси занон ва кўдакон зимни низоъњои мусалањона, њимояи њуќуќи кўдакон мутобиќи меъёрњои ЊББ, њифзи ҳуқуқҳои инсон дар давраи низоъњои  мусаллаҳона, оќибатњои ҷиддии вайронкунии меъёрњои ЊББ, татбиқи меъёрҳои ЊББ дар кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон бо пахши филмњои  дарсї ба иштирокчиён маълумотњо пешкаш гардиданд. 

Яке аз иштирокчии ин семинар Муродов Миррањим, корманди филиали Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соњаи маориф дар шањри Хуљанд ќайд намуд, ки баргузории чунин чорабинї барои ў бисёр мухим буда, бахри баланд бардоштани маълумотнокии иштирокчиён мусоидат хохад намуд.

Умуман дар муддати 3 рўз иштирокчиён аз шањру ноњияњои гуногуни љумњурї тавонистанд дониши худро оид ба ин мавзуъи мубрами рўз васеъ намуда, њамчунин мубодилаи таљриба намоянд. 

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ЉЊАТ, 03.08.2018

Back to top