ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Хашар аз чониби бахши ЧХАТ дар вилояти Сугд

Санаи 8 августи соли 2018, кормандони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кўчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо ҳар ҳафта рўзҳои шанбею якшанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Бинобар ин намояндагони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо волонтёрон тасмим гирифтанд, ки то баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, ҳашарҳо гузаронида, гирду атрофи Бахшҳои ҶҲАТ-ро дар шахру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидои он аз партовҳо тоза намуда, ҳиссаи худро гузоранд.

Back to top