ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Эътилофи як миллиард барои устуворӣ мепайвандад

                

Шаҳри Душанбе, 23-юми октябри соли 2018 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба Эътилофи як миллиард барои устуворӣ (1BC) мепайвандад. Ин Эътилоф ибтикори нави ҷаҳонӣ буда, бо ҳадафи мустаҳкам кардани зарфияти мардуми осебпазир аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА) роҳандозӣ шудааст. Ҳамчун бахше аз ин ибтикори ҷаҳонӣ, ҶҲАТимрӯз, 23-юмиоктябр, барномаи Донишандӯзии амн ва солим”-ро ки ҳадафашм усоидат ба донишандӯзии амн, солимвадурустдар мактабҳои Тоҷикистон мебошад, муаррифӣ намуд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои иаҳолӣ, ЮНИСЕФ, Бунёди рушди Оғохон, Наҷоти кӯдакон, Ҳайати Шафқат, ва созмонҳои дигар даъват кард, то ба ин ибтикор бипайванданд ва фаъолиятҳову талошҳои худро пайваст намоянд.  

ЭлҳаҷАсСӣ, Котиби генералии ФБҶССваҲА, ки ба ин маросим тавассути видео аз Женева ҳамроҳ гардид, Тоҷикистонро бо таъсиси нахустин эътилоф дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва пайваст ба Эътилофи як миллард барои устуворӣ табрик гуфт. Ӯ ин қадамро намунаи олии ибрат барои ҷамъиятҳои миллии дигар дар минтақа хонд.

“Ман фаъолияти меҳнатиямро ба ҳайси омӯзгор оғоз кардаам ва ман худ хуб медонам, ки маълумот ва дониши бештар доир ба бехатарӣ ва тандурустӣ барои ҷавонончӣ қадар муҳим аст. Мо аз фаъолиятҳои волонтёрони Ҳилоли Аҳмар хеле ифтихор мекунем ва умедворем, ки ин ибтикор донаҳои нахустини барномаҳои дигари мардум асосро мекорад ва ба ин васила, дар саросари кишвар мардумро устувортар месозад”.

Саид Қурбонов, Президенти ҶҲАТ, гуфт: Ҳадафи  лоиҳа ҷалби ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон ва мардуми ҳамон маҳалла ба ин барнома мебошад. Ин лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки ба омӯзгоронёрӣ бидиҳем, то бо истифода аз дарсҳои мавҷуда дониши мактаббачагонро доир ба омодагӣ ба офатҳо ва мутобиқат ба тағйири иқлим, ёрии аввал, оби тоза, беҳдоштӣ ва тозагӣ боло баранд”.

Ба мактаббачагон, ҳамчунин, вазифаҳои хонагӣ дода мешавад, то ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш иҷро бикунад, масалан, нақшаи оилавии вокуниш ба офатро таҳия кунанд. Онҳо, ҳамчунин, имкон хоҳанд дошт, то ба тамринҳои бахшҳои ибтидоии ҶҲАТ ҷалб гарданд ва ё дар дарсҳои расонидани ёрии аввал иштирок кунанд.

Барномаи ҶҲАТ дар расидан ба ҳадафҳои Эътилофи як миллиард барои устувории Федератсияи байналмилалӣ саҳм мегузорад.

Ин эътилоф ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон, ва сарварони дигари ҷомеаро дар ҳамаи сатҳҳо бо ҳадафи устуворсозӣ

муттаҳид мекунад.

Ян О'Донел, роҳбари тими Эътилофи 1 якмиллиард мегӯяд: Ҳадафи мо ин аст, ки то соли 2025 ҳадди ақал  як миллиард нафар дар саросари ҷаҳон бо талошҳои худашон дар баробари хатарҳо ва офатҳо устувортар гарданд. 1BC -  ибтикори ҷаҳонии устувории ҷомеаҳо буда, фазои мусоидро барои ҳамкории муштараки мардум ва ҷомеаҳо ҷиҳати роҳандозии зиндагии

амнтарсолимтар ва хушбахттар, ҳатто дар рӯ ба рӯи мушкилҳо, фароҳам меоварад”.

 

Барои маълумоти бештар:

Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози барномаҳоимудириятиҳолатҳоифавқулода

Намояндагии ФБҶССваҲАдарОсиёиМарказӣ

Тел: +992 37 224 0374, почтаи электронӣ: shamsudin.muhudinov@ifrc.org

 

ШуҳратСангов, сардоришӯъбаиҳолатҳоифавқулода

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Teл: +992 37 224 1416, почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

ФБҶССваҲА шабакаи бузургтарини инсондӯстӣ дар ҷаҳон буда, аз 190 ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат мебошад, ки барои наҷоти ҷонҳо ва тарғиби қадри инсон дар ҷаҳон фаъолият мебаранд.

www.ifrc.org - Facebook - Twitter - YouTube

 

 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. ҶҲАТ, ки дар ҳамаи 69 шаҳру ноҳияи кишвар бахш дорад, дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ нақши калидӣ бозида,

дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад

 

 

Back to top