ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Дастгирии беморони норасоии масъунияти одам аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/АНМО) дар њамдастї бо шарикони рушд ва сохторњои марбутаи давлатї дар шањри Душанбе ва шањру ноњияњои љумњурї чорабинињои мухталиф, аз љумла иќдомњои иттилоотию таблиѓотї, озмунњо дар ин самт дар байни донишљўён, љавонон оид ба хавфи ин беморї, роњу усулњои мубориза ва пешгирии он барпо намуд. 

Аз љумла, 30 ноябри соли 2018,  Ҷамъият бо дастгирии Раҷабов Ғафур, директори Маркази дилхушии кўдаконаи “Мадагаскар”-и шањри Душанбе барои 40 нафар беморон ва маъюбон барномаи фарҳангию фароғатиро ба таври ройгон ташкил намуда, онҳоро бо хўроки нисфирўзї таъмин намуд. Инчунин, Раҷабов Ғафур, ба ҶҲАТ 1200 сомонӣ маблағ барои харидани тӯҳфаба 13 нафар кўдакони бемор барои расмҳои кашидаашон ҷудо намуд. Дар маросими таќдими тўњфањо роњбарияти ин Марказ, намондагони Маркази љумхуриявии пешгирї ва мубориза бар зидди ВНМО ва дигарон иштирок намуданд. 

Ҳамзамон, 30 ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тољикистон консерти хайриявиро бо иштироки ҳунарпешаҳои маҳбуб ва саховатпешаи ҷумҳурӣ дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф  Љўраев доир намуд. 

Дар ин консерт 100 нафар кўдакони гирифтори ВНМО ва 30 нафар кўдакони дорои маъюбият иштирок намуданд.  28 декабри соли 2018 аз маблаѓи консерти хайриявї љамъшуда бо пешнињоди Маркази љумхуриявии пешгирї ва мубориза бар зидди ВНМО маводњои хўроквории ниёзи аввал, аз ќабили, орд, равѓан, макарон, шакар, биринљ, марљумак, нахуд ва шири ќиёмшуда харидорӣ карда шуда, ба 70 нафар кўдакони гирифтори ВНМО дар шањри Душанбе тақсим карда шуд.

Дар умум ҶҲАТ ба 190 кўдакони гирифтори ВНМО ва 50 нафар кўдакони дорои маъюбият  дар шањри Душанбе кўмак намуд.

ҶҲАТ ба нафароне, ки дар гузаронидани ин чорабиниҳо саҳми худро расониданд, арзи сипос менамояд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе,  28 декабри соли 2018   

Back to top