ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Баргузории баромадхо барои кормандони Ҳилоли Ахмари Точикистон

Субњи 27 декабри соли 2018 дар Дастгоњи Иљроияи Кумитаи Марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) курси кўтоњи омўзиши оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар, принсипњои бунёдї, аломатњои Салиби Сурх, Ҳилоли Ањмар, Булури Сурх ва лоињаи низомномаи нави тањияшуда дар бораи ташкилотњои ибтидоии ҶҲАТ аз љониби шуъбаи «Рушд ва њамкорињои байналмилалї» баргузор гардид.

Дар ин чорабинї зиёда аз 20 нафар мутахассисон ва волонтёрони ЉЊАТ ва намояндагони бахши ЉЊАТ дар шањри Душанбе иштирок намуданд.

Маќсад аз баргузории чорабинии мазкур ин шиносої ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва волонтёрон оид ба Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, ќисматњои он ва фаъолияти ташкилотњои ибтидоии ҶҲАТ буд.

Дар оѓоз љињати шиносої бо таъриху пайдоиш ва фаъолияти Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, ќисматњои он, принсипњо ва аломатњо аз љониби Аминзода Н., масъули иттилоот ва  њуќуќи байналмиллалии башардўстї баромадњо бо пахши филмњои мустанад доир гардиданд. 

Сипас, Мунољот Шумќоров, мутахасиси шуъбаи «Рушд ва њамкорињои байналмилалї» дар бораи низомномаи нави тањияшуда дар бораи ташкилотњои ибтидоии ҶҲАТ баромад доир гардид.

Баъди нисфирўзї чунин курси омўзиши барои волонтёрон ва кормандони нави ҶҲАТ дар њамбастаги бо муњассилини намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумњурии Тољикистон барпо гардид. Дар он 17 нафар бо саволу љавоб ва баррассии мавзуњои гуногун фаъолона иштирок намуданд.

Умуман, барномаи чорабинињо ба таври содда ва оммафањм тартиб дода шуда буд ва иштирокчиён дар як фурсати кўтоњ тавонистанд бо таъриху пайдоиши Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва дигар мавзухо шиносої пайдо намуда, савияи дониши худро баланд бардоранд.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 28 декабри соли 2018

 

Back to top