ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Табрикоти солинавии Котиби генералии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Субњи имўз, яъне 31 декабри соли 2018 Котиби генералии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ҶҲАТ) Бањодур Ќурбониён ба ањли оилањои кўдакони гирифтори бемории ВНМО кўмак намуда, сипас дар толори Кумитаи марказии ҶҲАТ кормандон, аъзоён ва волонтёрони љамъиятро бо фарорасии Соли нави 2019 табрик намуд.

Бањодур Ќурбониён аз љумла ќайд намуд, ки соли 2018 барои љамъият соли бобарор буда, дар давоми сол аз љониби љамъият якќатор корњои хайриявию эњсонкорї ба сомон расида, кормандон ва волонтёрони љамъият дар чорабинињои умумиљумњуриявї ва байналмилалї фаъолона иштирок намуданд.

Дар соли 2019 Котиби генералии ҶҲАТ ба кормандон, аъзоён ва волонтёрони ҶҲАТ саломатии бардавом, зиндагии ором ва ба фаъолияти башардўстии онњо бурдборињоро орзу намуда, аз љумла афзуд, ки њамаи лоињаву барномањое, ки ба сарпарастон аз љониби љамъият пешкаш шудаанд, дастгирї ёбанд ва ба ин васила амъият барои дастгирии табаќањои ниёзмандтарини ањолии кишвар боз хам бештар сахми худро расонад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе,  31 декабри соли 2018   

 

 

 

Back to top