ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Баргузории семинари дурӯза оид ба устувории мактабҳо ба ҳолатҳои фавқулода

24-25 январи соли 2019 дар Кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) семинари омўзишии дурӯза дар доираи лоиҳаи «Саҳмгузорӣ ба бештар намудани устувории мактабҳо ба ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин чорабинї 30 нафар намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тољикистон, раёсату шуъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї, омўзгорон муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва њамчунин кормандони масъули ЉЊАТ иштирок намуданд.

Дар оѓози чорабинї Нодир Аминзода, њамоњангсози барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўсти»-и ЉЊАТ оид ба таъриху фаъолити Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) ва ниќши созишномаи њамкорї бо Вазорати маориф ва илми ҶТ бо ҶҲАТ баромадњо намуда, оид ба ин мавзуъњо филмњои мустанад намоиш дод.

Сипас, мутобиќи рўзнома баромадњо оид ба малакаи муошират бо шунавандагон (мактаббачагон), муҳимият ва тарзи гузаронидани машқҳои амалӣ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, фаъолиятҳои ғайрисохторӣ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, рафтори мактаббачагон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, тартиб додани харитаи минтақаҳои хавфнок ва пешгирии латхӯрӣ, расонидани ёрии аввали то тиббӣ ва ѓайрањо доир гардиданд.

Иштирокчиёни семинар дар љамъбасти чорабинї ќайд намуданд, ки баргузории чунин чорабинї барои онњо бисёр муњим буда, онњо дар тўли 2 рўз дониши худро дар самтњои гуногун баланд бардоштанд. 

  

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, 29 январи соли 2019

Back to top