ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Тачлили Рузи умумичахонии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар шахри Хучанд

 

Чун анъана дар доираи Моњвораи Њилоли Ањмар ва љашни 8 Май – Рўзи Њаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар бо ибтикори кормандон ва волонтерони бахши вилоятии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон дар њама бахшњои шањриву навоњи чорабинињои љашнї   баргузор гардиданд. Санаи 8 май  дар мактаби миёнаи № 53 ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд низ бахшида ба ин санањои таърихї мусобиќаи варзишї оид ба футбол ва викторинаву аксия гузаронида шуд. Дар он ветеранњо, аъзоён, волонтерони ЉЊАТ, омўзгорон,  зиёда аз 600  нафар толибилмон ва рўзноманигорон иштирок варзиданд. 

  Дар ќисми аввали рўз тими футболбозони Њилоли Ањмари мактаби зикршуда бо њарифони худ  ќувваозмої намуданд. Боиси зикр аст, ки дар ин бозї дастаи њарифон ѓолиб баромада бозї бо њисоби 0:2 бар фоидаи тими њарифон ба анљом расид.

Сипас, ќисми бадеии чорабинї оѓоз гардид, ки дар он   волонтерон - ровиёни чорабинї  бо сухани ифтитоњї баромад намуда, мењмонон ва кулли иштирокдоронро хайра маќдам гуфтанд. Волонтёрон дар васфи  Љамъияти Њилоли Ањмар ва Њаракат  шеърњо ќироат намуда бањри њозирин  доир ба  Принсипњои бунёдї  маълумот пешнињод намуданд.

Инчунин, сањначањо ва номерањои консертї низ пешкаши тамошобинон гардид. Баъдан дар ќисмати асосии чорабинї  саволу љавоб  доир ба таърихи пайдоиши Њаракат, Аломатњо ва барномањои Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон  байни хонандагон ба амал омад.        Сипас, Комилова Муњаббат- котиби иљроияи бахши ЉЊАТ дар ноњияи Бобочон Ѓафуров  ѓолибонро табрик намуда дар баромади худ чунин ќайд кард: «Баргузории имрўза чорабинии љашнї боз як бори дигар нишон дод, ки хонандагони мактаб  дорои  њисси баланди инсондўстї ва мењанпарастї мебошанд. Онњо дар чорабинии имрўза бо тайёрии њаматарафа иштирок намуданд.  Ман боварї дорам, ки  дар оянда омўзгорон ва хонандагони мактаби мазкур барои рушду нумўъи Њилоли Ањмар боз њам  сањми арзандаи худро мегузоранд». 

Љоиз ба ќайд аст, ки њамаи иштирокчиён  бо сипоснома ва тўњфањои хотиравї ќадрдонї гардиданд. 

Камолова Р. – масъули иттилооти бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд  

Back to top