ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Омузиши расонидани ёрии аввали тодухтури барои намояндагони чомеа

Тибќи наќшаи кории барномаи  "Тайёрї ва вокуниш ба ҲолатиФавќуллода»- и  бахши вилоятии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон аз санаи 01.07.2019 сол семинарњои Расонидани Ёрии Аввал барои намояндагони љомеа гузаронида шуданд.

Омўзишњои мазкур  дар шањру навоњии Ашт -  љамоати Пунук, Исфара – Хољаи Аъло, Панљакент –љамоати Фароб ва Бобољон Ѓафуров – Овчї-Ќалъача баргузор гардиданд. Дар он намояндагони љамоат, раисони мањалла, ходимони дин, шўъбањои маориф, Кумитаи њолатњои фавќуллода, нозирони минтаќавї ва фаъолони љамоатњо иштирок варзиданд.

Маќсад аз баргузории семинари дурўза ин баланд бардоштани савияи дониш  дар самти расонидани ёрии аввали тодухтурї дар вазъиятњои фавќуллода ва сайќал додани малакањои иштирокчиён ба њисоб меравад.   

Пеш аз оѓози мавзўи асосї  доир ба таърихи пайдоиши Њаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, фаъолияти  Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон маълумоти муфассал пешнињод карда шуд.

Сипас,  иштирокчиён ќоидањои расонидани ёрии аввалро ќадам ба ќадам дида баромаданд. Ба онњо расонидани кўмак њангоми аз њуш рафтан,  хунравї,  шикасти устухон, сўхтани бадан, бењолшавї, газидани њашарот, ѓарќшавї, зарарёбї аз нерўи барќ фањмонида  машќњои   амалї гузаронида шуданд.

Инчунин, иштирокчиён тарзи дурусти  мањси номустаќими дил ва нафасдињии сунъиро њангоми ќатъ гардидани нафаскашї аз худ карда бо истифодабарї аз муляжи шахси калонсол ва кўдак машќ  намудаанд.  

Бояд ќайд намуд, ки давраи омўзишї зиёда аз 70 нафар намояндагони љомеаро аз љабњањои гуногун  фаро гирифт. Дар навбати худ онњо ин маълумотро дар байни ањолї, мактаббачагон ва дигар ќишри ањолї пањн менамоянд, то ки онњо тавонанд дар ваќти зарурї кўмаки худро барои зарардидагони офатњои табиї ва њолатњои фавќуллода расонанд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинињо бо дастгирии  Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) баргузор гардида дар он Муродљон Солиев – намояндаи  ин ташкилот иштирок варзиданд. Солиев М. доир ба таљрибањои худ дар самти РЁА ибрози аќида намуда оид ба фаъолияти КБСС маълумоти муфассал пешнињод намуд.    

Дар охир барои иштирокчиён доир ба Расонидани кумаки аввали психологї (КАП) низ маълумот дода шуд. Дар рафти ин машѓулият онњо бо Принсипњои оперативии КАП шинос гардида  доир ба техникаи барќароркунї дар њолати стресси шадид дастур гирифтанд.

 Камолова Р. – танзимгари барнома дар бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд  

Back to top