ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Семинари якруза дар доираи лоихаи "Амал дар асоси пешгуи" дар шахри Кулоб

Санаи 6 декабри соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб семинари якрӯза дар доираи лоиҳаи "Амал дар асоси пешгӯӣ" бо дастгирии Салиби Сурхи Олмон (ССО) ҷиҳати омодасозии Протокол фаъолияти қаблӣ барои фасли сармои ғайри муқаррарӣг узаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳамоҳангсози лоиҳа аз КМ  ҶҲАТ ва аз ССО,      котибони иҷроияb бахшҳои ҶҲАТ аз ноҳияҳои Мурғоб, Ховалинг, Лахшва Мастчоҳи Куҳӣ ва ҳамоҳангсозони марказҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҶҲАТ аз вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб, Рашт ва инчунин кормандони шуъбаҳои КҲФ аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Лахш,  Мастчоҳи Куҳӣ, Ховалинг ва аз шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Ҳамагӣ зиёда аз 20 (бист) нафар дар семинари мазкур иштирок доштанд.

Бояд ќайд намуд, ки аз моҳи январи соли 2019 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Салиби Сурхи Олмон ва дар ҳамкории зич бо Агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии обуҳавошиносӣ) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) лоиҳаи "Амал дар асоси пешгӯӣ"-ро оғоз карданд, ки аз ҷониби Бонки Олмонӣ (Deutsche Bank Stiftung) маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳаи сесола амалӣ намудани Амалиёти барвақтӣ дар асоси пешгӯии офатҳои табиӣ бо эҳтимолияти таъсири зиёдтарин ба маҳалҳои осебпазир мебошад.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, шањри душанбе, 9 декабри соли 2019

Back to top