ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд

10 январи соли 2020 дар Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахш дар соли 2019 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони Бахши вилоятӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаҳо ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ҷаласа таҳти сарварии Раиси озоди бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Мирзоева Қ.М. гузашт. 

Дар љаласа хисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти Бахш дар соли 2019 пешниҳод гардид. Аз сабаби бемор будани Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, ҳисоботи ӯ аз ҷониби коргузори Бахш Исломҷон Бобоев ба самъи ҷамъомадагон расонида шуд.

Чунончӣ, якҷоя бо 14 котибони иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин сол байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамагӣ 213 вохӯрӣ, 339 чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ дар корхонаву муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба мақсаду мароми ҶҲАТ ташкил ва баргузор карда шуданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 23% зиёд мебошад.

Дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати моҳи январи соли 2020-ум 316 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 5726 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд, фаъолият бурда истодаанд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба соли 2018 - 14 адад ё худ 8% афзоиш ёфтааст. Яъне, шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 5726 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 5373 нафар баробар буд ва афзоиш 11 %-ро нишон дод.

Гарчанде, ки чор бахш аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи оинномавӣ ва молиявӣ набаромаданд ва нақшаи худро сари вақт таъмин карда натавонистанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, иҷроиши нақшаи молиявии Бахши вилоятии ҶҲАТ дар соли 2019-ум 365 ҳазору 107 сомонӣ ё худ 95 фоиз таъмин гардид.

Дар давоми соли 2019-ум 2 маротиба Консерти хайриявӣ, 9 маротиба Аксияи хайриявии “Якҷоя кӯмак мерасонем” ташкил ва баргузор гардиданд, ки ба ин васила ба шумораи зиёди ниёзмандон кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд. Ба 13 нафар маъюбони дар ҳақиқат ниёзманде, ки бо ариза ба Бахши вилоятии ҶҲАТ муроҷиат намуда буданд, бо дастгирии ДИ КМ ҶҲАТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ ва ба таври ройгон тақсим карда шуданд.

Ба ифтихори 92-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ҳам фарорасии Соли нави мелодии 2020 бо иқдоми неки Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар “Мактаб-интернат барои тарбиятгирандагони аз падару модар маҳруммондаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” воқеъ дар шаҳри Бӯстон Аксияи хайриявӣ таҳти унвони “Якҷоя кӯмак мерасонем” бо оростани дастархони идона ташкил ва баргузор гардид. Бо хоҳишу дархости Директори Мактаб-интернат ба ҳамаи 79 нафар тарбиятгирандагон маводи пӯшока-пойафзолҳои зимистона харидорӣ ва пешниҳод гардид.

Дар назди Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд якчанд Лоиҳа ё худ барномаҳо, ба монанди “Ташаббусҳо оид ба рушди ҷавонон”, “Қонун, арзишҳои башарӣ ва иттилоот”, “Огоҳонидани аҳолӣ аз хатари мина”, “Хадамоти ҷустуҷӯ ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ (БРО)”, “Дастраси бехатарӣ”, “Эътино ба ҳолатҳои фавқулода”, “Саҳм ба қавигардонии зарфият ва бештар намудани устувории сохторҳои Ҳилоли Аҳмар ва ҷомеаҳои фарогирифташуда дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои интихобшудаи Осиёи Марказӣ (Байнисарҳадӣ)” ва аз 1-уми октябри соли 2019 Лоиҳаи нави “Мустаҳкамкунии иқтидори институтсионалӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” (маблағгузор USAID OFDA) дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда амалӣ карда шуда истодаанд.

Дар давоми соли 2019 тибқи маълумотномаи пешниҳодшуда аз рӯи ҳамаи барномаҳое, ки аз тарафи СС Олмон, СС Итолиё, КБСС дастгирӣ ёфтаанд, тибқи нақша-чорабиниҳо семинар-машваратҳо ва мизи мудаввар ташкил ва доир карда шуданд.

Бо мақсади паҳн намудани иттилоот тавассути Телевизион ва радиои вилояти Суғд, радиоҳои “Пайванд”, “Тироз”, “Шаҳри ман”, ширкатҳои телевизионии “Азия”, “СМ-1”, “Диёр” ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ дар давоми соли 2019-ум 135 баромад, аз ҷумла тавассути радио 46 баромад, тавассути телевизионҳо 57 баромад ва чопи мақолаҳо дар нашрияҳо 32 мавод ташкил карда шуда, ба аҳолӣ оид ба мақсаду мароми ҶҲАТ ва фаъолияти асосии он маълумоти васеъ пешниҳод карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис – “Гузориши сармуҳосиби Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд М. Ибодуллаева оид ба иҷрои нақшаи молиявӣ дар соли 2019” шунида шуд. Гуфта шуд, ки иҷроиши нақшаи молиявии Бахши вилоятии ҶҲАТ дар соли 2019-ум 365 ҳазору 107 сомонӣ ё худ 95 фоиз таъмин гардид.

Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои раёсат ва иштирокчиён қарори Суратҷаласаи Комиссияи одоби ДИ КМ ҶҲАТ аз 28-уми ноябри соли 2019 муҳокима ва баррасӣ шуда, Нақшаи кории Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2020, фармоишҳои Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2019 тасдиқ карда шуданд. Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа вакилон ба Анҷумани навбатии ҶҲАТ аз Бахши вилоятии ҶҲАТ интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима ва баррасишуда, аз ҷониби аъзои раёсат ва иштирокчиёни маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бо ҳамин маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти солонаи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ба итмом расид.

Бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ минбаъд низ баҳри иҷроиши саривақтӣ ва босифати супоришу дастурҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ДИ КМ ҶҲАТ кӯшиш ба харҷ медиҳад ва фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам ҷоннок менамояд.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, 13 январи соли 2020

Back to top