ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Бахши ҶҲАТ дар шахри Душанбе

13 январи соли 2020 дар Бахши ҶамъиятиҲилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шањри Душанбе љаласаи ҷамъбасти фаъолияти Бахш дар соли 2019 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоён ва кормандони бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи Марказии ЉЊАТ иштирок намуданд.

Ҷаласа таҳти сарварии Раиси озоди бахши ҶҲАТ дар шањри Душанбе Содиќова Дилором гузашт.

Дар љаласа 2 масъала: њисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шањри Душанбе оид ба фаъолияти Бахш дар соли 2019 ва наќшаи фаъолияти бахш барои соли 2020 пешниҳод гардид.

Аз рўи масъалаи якум, Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шањри Душанбе Намозов Зокир оид ба фаъолияти бахш дар соли 2019 ба њозирин њисобот дод.

Баъди баррасии њисоботи ў аъзоёни конфронси бахш њисоботи бахшро ќаноатбахш ќабул намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм оид ба наќшаи фаъолияти бахш барои соли 2020 низ Намозов З. баромад намуда, њозиринро бо наќшаи фаъолият шинос намуд.

Содиќова Дилором пешнињод намуд, ки дар наќша бояд љашнњои умумиљумњуриявї дарљ гарданд.

Ин пешнињод аз љониби аъзоёни конфронси бахш дастгирї ёфт.

Бо ҳамин љаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Бахши ҶҲАТдар шањри Душанбе кори худро ба анљом расонид.

 

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, 13 январи соли 2020 

Back to top