ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Рӯзи умумиљањонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар њамасола 8 май бахшида ба зодрӯзи шахси башардўст, асосгузори Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар, нахустин ҷоизадори мукофоти Нобелї дар љодаи сулњ Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шањри Женеваи Шветсария таваллуд шудааст, ҷашн гирифта мешавад.

Бори аввал Рўзи Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар соли 1948  ҷашн гирифта шуд. Номи расмии ин Рўз дар тўли солњо тағйир ёфт ва он аз соли 1984 то инҷониб њамчун "Рўзи умумиљањонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар" номгузорї гардидааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тољикистон таљлили ин љашнро бо баргузории чорабинии гуногуни фарњангиву фароѓатї, варзишї, иќдомњои гуногуни хайриявию эњсонкорї тавассути бахшњои худ дар шањру навоњии кишвар барпо менамояд.

Дар шањри Душанбе низ таљлили Рӯзи умумиљањонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ањмар аз љониби ҶҲАТ бо баргузории чорабинии итиилоотї-фарњангї дар Донишгоњи аграрии Тољикистон Душанбе барпо гардид.

Дар ин чорабинї донишљўён ва устодони Донишгоњи аграрии Тољикистон, кормандон ва волонтёрон ҶҲАТ иштирок намуданд. Барномаи чорабинї аз баромад роњбарияти ҶҲАТ оѓоз гардида, он аз саволу љавоб ва барномаи консертї ва раќс иборат буд. Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинї тўњфањои хотиравї аз љониби роњбарияти ҶҲАТ таќдим гардиданд.

Баъди анљоми чорабинї Бањодур Ќурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ ба суолњои рўзноманигорон посухњои мушаххас дод.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 08 майи соли 2019

4 майи соли 2019 бахшида ба фарорасии моњи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї ба 800 нафар ниёзмандони 4 ноњияи шањри Душанбе кўмак намуд.

Ин кумак дар маљмуъ аз маводи озуќаворї аз љумла, 40 000 кг. орд, 2400 кг. биринљ, 2400 кг. шакар, 2400 литр равѓани растанї, 2400 кг. макарон, 2400 кг. лубиё, 2400 кг. наск, 2400 кг нахуд,  2400 кг. марљумак, 400 кг. чойи хушк ва 800 кг. намак иборат буда, ба ниёзманд, аз ќабили шахсони дорои маъюбият дошта, дардмандон, пиронсолони яккаву танњо ва дигар ниёзмандони шањри Душанбе таќсим карда шуд. 

Кумаки мазкур бо дастгирии Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї ба ниёзмандони шањри Душанбе расонида шуд.

Ин кумак дар маљмуъ аз маводи озуќаворї аз љумла, 40 000 кг. орд, 2400 кг. биринљ, 2400 кг. шакар, 2400 литр равѓани растанї, 2400 кг. макарон, 2400 кг. лубиё, 2400 кг. наск, 2400 кг нахуд,  2400 кг. марљумак, 400 кг. чойи хушк ва 800 кг. намак иборат буда, ба ниёзманд, аз ќабили шахсони дорои маъюбият дошта, дардмандон, пиронсолони яккаву танњо ва дигар ниёзмандони шањри Душанбе таќсим карда шуд. 

Бояд ќайд намуд, ки аз 27 апрел то 7 майи соли 2019 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 500 (дањ њазору панљсад) нафар ањолии ниёзманди шањру ноњияњои Ҷумњурии Тољикистон, аз љумла,  ниёзмандони шањрњои Душанбе (800 нафар), Хуљанд (900 нафар), Ҳисор (900 нафар), Вањдат (900 нафар), ноњияњои Рўдакї (900 нафар), Варзоб (800 нафар), Восеъ (900 нафар), Темурмалик (900 нафар), Данѓара (900 нафар), Шањринав (900 нафар), Панљ (800 нафар) ва Вахш (900 нафар) кўмаки озуќаворї мерасонад.

 

  

Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шањри Душанбе, 04.05.2019

 

 

 

Тибќи наќша чорабинии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ва  муассисаи давлатии Маркази миллии Тољикистон оид ба масъалањои минањо ( ММТММ)   санаи 02.05.2018 сол дар шањри Хуљанд  љамъомади гурўњи кории техникї оиди кўмак   ба љабрдидагони минањо баргузор гардид.

Дар чорабинї кормандони масъули ММТММ, намояндагони шўъбањои њифзи иљтимоии ањолии шањру навоњии маќсаднок, љабрдидагон ва  котибони иљроия ва волонтёрони бахшњои шањриву навоњии Исфара, Конибодом, Панљакент, Шањристон, Айнї, Ашт ва Б.Ѓафуров  иштирок варзиданд.

Њадаф аз баргузории вохўрї ин баррасии натиљањои фаъолияти Марказ ва бахшњои мањаллии ЉЊАТ  дар самти кўмак ба љабрдидагон дар соли 2018 ва наќша чорабинињо барои соли 2019 ба њисоб мерафт.

Дар баромади худ Алишо Шомањмадов – намояндаи ММТММ зикр намуд, ки дар соли сипарї 1 657 389 метри мураббаъ поксозї, 4998 адад минањои зидди пиёдагард ва 199 лавозимоти нотаркидаи љангї пайдо ва нобуд карда шуданд. Дар  соли 2019 поксозии 16 майдони минадор ва татќиќоти 8 майдонњои татќиќнашуда ба наќша гирифта шудааст.

Дар навбати худ Охуни Њабиб – мутахассиси пешбари шўъбаи њифзи иљтимоии ањолии вилояти Суѓд ќайд намуд, ки дар миќёси вилоят 47 487 нафар шахсони дорои маъюбият ба ќайд гирифта шудаанд, ки 91 нафари онњо љабрдидагони таркиши минањо ва лавозимоти нотаркида мебошанд. Доир ба фарогирии онњо ба кўмакњои гуногун ба таври мушаххас иттилоъ дода шуд.             

Пас аз шунидани њисоботи Марказ  аз љониби кормандони бахши вилоятии ЉЊАТ  доир ба фаъолияти Њилоли Ањмар, наќшаи фаъолият дар давоми Моњвораи Њилоли Ањмар ва дар самти кўмак ба љабрдидагон  иттилоъ дода шуд.  

Сипас баромади шахсоне, ки аз таркиши минањо ва лавозимоти нотаркида  зарар дидаанд,  шунида шуд. Яке аз љабрдидагон чунин ќайд намуд: «Новобаста ба он ки ман дорои маъюбият мебошам,  фаъолияти соњибкориро ба намуди ронандаи таксї ба роњ мондаам. Бо  дастгирии Кумитаи Байналмиллаии Салиби Сурх  воситаи наќлиётиамро  солњои пеш таъмир намудам. Бо баробари дигар мизољон намояндагони Њилоли Ањмар дар миќёси ноњия  аз хизматрасонии ман истифода бурда бо ин васила њиссаи худро барои пеш бурдани зиндагиам мегузоранд».

          Зикр кардан ба маврид аст, баргузории чунин љаласањои корї дар дигар манотиќи љумњурї   низ ба наќша гирифта шудааст.  

           

           Камолова Р. – њамоњангсози барномаи «Иттилоот»-и бахши ҶҲАТ дар вилояти Суѓд

 

 

Бахшида ба моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 30 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти хайриявӣ  баргузор гардид.

Ҳамасола бо ташаббуси  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ консертҳои хайриявӣ баргузор шуда, беҳтарин сарояндагони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.  Маблағҳои аз ҳисоби консерт  ба даст омада барои беморону ниёзмандон ва маъюбон сарф карда мешаванд.  Зеро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.

Бояд ќайд намуд, ки 3 май низ дар шаҳри Хуҷанд чунин консерти хайриявӣ баргузор шуда, дар он беҳтарин сарояндагон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар  доираи он  барномаҳои гуногуни  фарҳангию варзишӣ, барномаҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 1 майи соли 2019

Back to top