ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Общество Красного Полумесяца Таджикистана (ОКПТ) в рамках проекта «Предоставление возможности мигрантам и вернувшимся из миграции в регионе Центральной Азии улучшать качество жизни и защищать свое достоинство» организовал информативное мероприятие 20 декабря сего года в городе Душанбе.

Мероприятие, приуроченное к Международному Дню Мигрантов, было призвано ознакомить партнеров, СМИ, и других заинтересованных сторон с проблемами миграции в стране, и деятельности ОКПТ в поддержке трудовых мигрантов и их семей, с фокусом на проект «Предоставление возможности мигрантам и вернувшимся из миграции в регионе Центральной Азии улучшать качество жизни и защищать свое достоинство». Данный проект со-финансируется Европейским Союзом и Международной Федерацией Обществ Красного Креста и Красного Полумесяца.

На ней выступили представители ОКПТ, МФОКК и КП, ЕС, Миграционной службы РТ, и Республиканского туберкулезного центра. Также, участники мероприятия были ознакомлены с историей и достижениями проекта «Сеть Обществ Красного Полумесяца Центральной Азии по вопросам трудовой миграции» в республике Таджикистан за 2009-2012 гг. Особое внимание участников мероприятия привлек выступление бенефициаров проекта, молодых людей из семей трудовых мигрантов.

RCST Migration ProgramTags:

Санаи 9-уми декабри соли 2013 байни сафорати Љопон ва Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон «Лоињаи грантї оид ба бењтар гардонидани системаи оби нўшокї ва оби санитарї дар 7 дењоти дурдасти Љумњурии Тољикистон» бо маблаѓи умумии 89,444 доллари ИМА ба имзо расид. Ин санади муњимро аз љониби сафорати Љопон Сафири Љопон дар Љумњурии Тољикистон Хироуюки Имахаши ва котиби генералии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон Муњаббатов Зафар Њукумович ба имзо расониданд.

Амалигардонии ин лоиња барои рушди дарозмуддати таъмини бехатарии оби нўшокї дар њафт дењоти дурдасти шањри Турсунзода, ноњияњои Шањринав, Рўдакї, Хуросон ва Њисор равона мегардад. Инчунин он ба фароњам сохтани дастрасї ба оби тозаи нўшокии кофї бањри пешгирии касалињои обгузаранда, ки феълан барои ањолии дењот хавфи љиддї дорад, мусоидат менамояд.

Бояд ќайд намуд, ки Њукумати Љопон бањри бењбуди шароити соњањои мухталиф дар Љумњурии Тољикистон тавассути амалї гардонидани лоињањои нав кўмаки худро оѓоз намудааст. Ин лоињањо дар чањорчўбаи кўмакњои бебозгашти лоињањои амнияти башарї барои бахши аъзами ањолї дар Љумњурии Тољикистон пурра маблаѓгузорї шуда, дар шањру ноњияњои кишвар амалї хоњанд гардид.

Нодир Аминзодамасъули иттилооти

Љамъити Њилоли Ањмари Тољикистон


Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ба хотири ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили қочоқи занону духтарон барои танфурӯшӣ филми тасвирии “Ду духтараки хурдакак”-ро ба забони тоҷикӣ тарҷима ва ба ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Дар ин иртибот бо Абдулфаттоҳ Шафиев, масъули ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, суҳбати кӯтоҳе доштем ва нахуст аз ин филм суол кардем:

Абдулфаттоҳ: “Ду духтараки хурдакак” як филми тасвирии кутоҳест, ки ахиран дар чаҳорчӯбаи маъракаи густардаи таблиғии ҳамноми ин филм дар кишварҳои Оврупои Шарқӣ намоиш дода мешавад. Созандагони ин филм талош кардаанд, то дар се дақиқа пайомади зудбоварии ду духтарак ва ба доми қочоқбарон афтодани онҳоро нишон бидиҳанд. Ҳар ду қиссае, ки дар ин филм ба риштаи тасвир кашида шудааст, воқеӣ мебошад ва дар Албания рух додааст. Ин ду духтар ба фиреби афроди шиносу наздики худ меафтанд ва баъдан сарнавишти талх онҳоро ба кӯи танфурӯшӣ дар хиёбонҳои ғурбат мебарад. Аксари қурбониёни қочоқ, мутаассифона, ба ҳамин шева ба доми гуруҳҳои қочоқбар меафтанд ва сарнавишти аксари ин гуна занону духтарон ба мисли ҳамин ду қаҳраомни ин филм мебошад”.

Суол: “Ин ду бону ба кадом кишваре қочоқ шуда будаанд?”

Абдулфаттоҳ: “Бритониё. Ва ин тарҳ низ аз ҷониби шуморе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои хайриявии бритониёӣ пуштибонӣ ёфтааст”.”

Суол: “Оё ин филм ба забонҳои дигар низ тарҷима шудааст?”

Абдулфаттоҳ: “Оре, филм то ба имрӯз ба 15 забон тарҷума шудааст. Дар Албания, Мақдуния, Молдова, Булғористон, Босния ва Ҳерзеговин, Сербистон, Литва ва кишвраҳои дигари аврупоӣ шабакаҳои телевизионӣ низ ба пахши филм иқдом кардаанд. Торнамоҳои хабарӣ ва иҷтимоӣ (Ютюб, Фейсбук) танҳо василаи намоиши филм набуда, дар чорабиниҳои гуногун низ он ба намоиш гузошта шуда, ба мактабҳо, ятимхонаҳо ва марказҳои ҷавонон ироа шудааст.

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ дар кишварҳои Оврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои муҳоҷирати худ ба хотири баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ аз ин хатар дар интишори филм ва расонидани паёми он ба мардум саҳми худро мегузорад. Аз ин рӯ, тасмим шуд, ки ин филм ба тоҷикӣ низ тарҷима шавад.

Аз фурсат истифода бурда мехоҳам ба созандагони ин филм Ruth Beni аз Animage Films, Maggie Baxter ва Holly Baine, аз масъулони тарҳи “Ду духтараки хурдакак”, барои иҷозаи тарҷимаи ин филм ба забони тоҷикӣ ва ироаи он ба ҷомеаи Тоҷикистон сипос мегӯям”.

Суол: “Мушкили қочоқи занону духтарон барои танфурӯшӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?”

Абдулфаттоҳ: “Бибинед, ин мушкил дар саросари ҷаҳон ҳастӣ дорад. Мушкилест, ки риштаи идорааш дар аксар ҳолат дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ мебошад. Қочоқбарони ҷинсӣ аз ашк ва қисмати талхи занҳо кисаи худро бо миллиардҳо доллар ғафстар мекунанд. Дар пайи ҳар як нафси қонеъшудаи марди харидор зиндагии талху шикаста ва пур аз ҳузни занест, ки ҳар рӯз ва шаб бо хушунат, бадрафторӣ, таҳқир, таҷовуз, ва баъзан марг ҳам рӯбарӯст. Дар ҳоле, ки зани қурбонӣ баҳои ҳа гуфтаҳо боло, ва иловатан, хашму нафрати ҷомеа, хешу табор ва наздиконашро мепардозад, маблағи тани ӯ ба кисаи дигарон меравад, ки баъдан, боз бо ҳамон пул ҷавондухтарон ва занони дигар ба доми фиреб меафтанд.

Махсусан, занону духтарони дониш нагирифта, бе ҷойи кор, бе даромад, бе сарпаноҳ, бе саробон дар ин кӯча осебпазиранд. Ба андешаи ман, ҷомеа ба ҷои накӯҳиши ин занҳо, ки бе ин ҳам на хандаву на лабханди қисматро надидаанд, барои берун бурдани онҳо аз ин мушкил иқдом бигирад ва ҳамчунин, барои духтарон аз қишрҳои осебпазир шароитеро фароҳам биоварад, ки ба ин дом гирифтор нашаванд – ҳунаре биомӯзанд, дониш бигиранд, чун маҳз дониш ва ҳунар аст, ки одамро намегузорад сода бошад ва ҳам барояш ва барои фарзандонаш манбаъи даромаде мешавад”.

December 5, 2013



Бахшида ба рузи маъюбон аз чониби бахши Душанбегии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ба 48 нафар маъюбони шахри Дунанбе кумак расонида шуд. Ин кумак аз лихози маводхои хуроквори ва гайри хуроквори иборат буд.

Чи тавре, ки Раиси бахши Душанбегии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон Чалолиддин Шарипов иттилоъ дод, Кумитаи Марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва бахши Душанбегии он хамеша махсусан дар рузхои чашнворахои гуногун кушиш ба харч медиханд, ки ба маъюбон, ахшоси яккаву танхо, бепарасторон ва дигар ниёзмандон, мутобики усулхои бунёдии Харакати байналмиллалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар сарфи назар аз нажод, дин, миллат ва акидахои сиёсиашон кумак расонанд.

Дар давоми соли чори вобаста аз имкониятхояш Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон тавонист якчанд маротиба ба ниёзмандони кишвар дасти ёри дароз кунад.

Бинобар ин, Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистонро дастгири намоед то тавасути ин чамъияти башардуст ба ќишрхои осебпазири кишвар ва ба ахолии ниёзмандтарин дар холатхои зарури кумак расонида шавад!

Маркази иттилооти ЉЊАТ, ш. Душанбе, 3.12.с.2013

Back to top