ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Тибќи наќша чорабинии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ва  муассисаи давлатии Маркази миллии Тољикистон оид ба масъалањои минањо ( ММТММ)   санаи 02.05.2018 сол дар шањри Хуљанд  љамъомади гурўњи кории техникї оиди кўмак   ба љабрдидагони минањо баргузор гардид.

Дар чорабинї кормандони масъули ММТММ, намояндагони шўъбањои њифзи иљтимоии ањолии шањру навоњии маќсаднок, љабрдидагон ва  котибони иљроия ва волонтёрони бахшњои шањриву навоњии Исфара, Конибодом, Панљакент, Шањристон, Айнї, Ашт ва Б.Ѓафуров  иштирок варзиданд.

Њадаф аз баргузории вохўрї ин баррасии натиљањои фаъолияти Марказ ва бахшњои мањаллии ЉЊАТ  дар самти кўмак ба љабрдидагон дар соли 2018 ва наќша чорабинињо барои соли 2019 ба њисоб мерафт.

Дар баромади худ Алишо Шомањмадов – намояндаи ММТММ зикр намуд, ки дар соли сипарї 1 657 389 метри мураббаъ поксозї, 4998 адад минањои зидди пиёдагард ва 199 лавозимоти нотаркидаи љангї пайдо ва нобуд карда шуданд. Дар  соли 2019 поксозии 16 майдони минадор ва татќиќоти 8 майдонњои татќиќнашуда ба наќша гирифта шудааст.

Дар навбати худ Охуни Њабиб – мутахассиси пешбари шўъбаи њифзи иљтимоии ањолии вилояти Суѓд ќайд намуд, ки дар миќёси вилоят 47 487 нафар шахсони дорои маъюбият ба ќайд гирифта шудаанд, ки 91 нафари онњо љабрдидагони таркиши минањо ва лавозимоти нотаркида мебошанд. Доир ба фарогирии онњо ба кўмакњои гуногун ба таври мушаххас иттилоъ дода шуд.             

Пас аз шунидани њисоботи Марказ  аз љониби кормандони бахши вилоятии ЉЊАТ  доир ба фаъолияти Њилоли Ањмар, наќшаи фаъолият дар давоми Моњвораи Њилоли Ањмар ва дар самти кўмак ба љабрдидагон  иттилоъ дода шуд.  

Сипас баромади шахсоне, ки аз таркиши минањо ва лавозимоти нотаркида  зарар дидаанд,  шунида шуд. Яке аз љабрдидагон чунин ќайд намуд: «Новобаста ба он ки ман дорои маъюбият мебошам,  фаъолияти соњибкориро ба намуди ронандаи таксї ба роњ мондаам. Бо  дастгирии Кумитаи Байналмиллаии Салиби Сурх  воситаи наќлиётиамро  солњои пеш таъмир намудам. Бо баробари дигар мизољон намояндагони Њилоли Ањмар дар миќёси ноњия  аз хизматрасонии ман истифода бурда бо ин васила њиссаи худро барои пеш бурдани зиндагиам мегузоранд».

          Зикр кардан ба маврид аст, баргузории чунин љаласањои корї дар дигар манотиќи љумњурї   низ ба наќша гирифта шудааст.  

           

           Камолова Р. – њамоњангсози барномаи «Иттилоот»-и бахши ҶҲАТ дар вилояти Суѓд

 

 

Бахшида ба моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 30 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти хайриявӣ  баргузор гардид.

Ҳамасола бо ташаббуси  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ консертҳои хайриявӣ баргузор шуда, беҳтарин сарояндагони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.  Маблағҳои аз ҳисоби консерт  ба даст омада барои беморону ниёзмандон ва маъюбон сарф карда мешаванд.  Зеро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.

Бояд ќайд намуд, ки 3 май низ дар шаҳри Хуҷанд чунин консерти хайриявӣ баргузор шуда, дар он беҳтарин сарояндагон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар  доираи он  барномаҳои гуногуни  фарҳангию варзишӣ, барномаҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 1 майи соли 2019

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корњои башардўстона Малик Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї ба 10 500 (дањњазору панљсад) нафар ањолии  ниёзманди шањру ноњияњои Ҷумњурии Тољикистон дар арафаи моњи шарифи Рамазон ва бахшида ба Моњвораи ҶҲАТ, ки њамасола дар моњи май таљлил мегардад, дасти кўмак дароз менамояд.

Ин кўмак аз лињози орд (50кг), равғани растанӣ (3 литр), биринҷ (3 кг), шакар (3 кг), макарон (3 кг), лубиё (3 кг), наск (3 кг), нахӯд (3 кг), марҷумак (3 кг), чойи қоқ (чойи сиёҳ - 250 гр., чойи сабз - 250 гр.), намаки йоднокшуда (1 кг) ба њар як нафар ниёзманд, аз ќабили шахсони дорои маъюбият дошта, дардмандон, пиронсолони яккаву танњо ва дигар ниёзмандони шањрњои Душанбе (800 нафар), Хуљанд (900 нафар), Ҳисор (900 нафар), Вањдат (900 нафар), ноњияњои Рўдакї (900 нафар), Варзоб (800 нафар), Восеъ (900 нафар), Темурмалик (900 нафар), Данѓара (900 нафар), Шањринав (900 нафар), Панљ (800 нафар) ва Вахш (900 нафар) аз 27 апрел то 7 майи соли 2019 таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ таќсим карда мешавад.

Таќсимоти ин кўмак алакай санаи 27 апрел ба ниёзмандони ноњияњои Рўдакї  амалї гардида, имрўз, яъне 29 апрели соли 2019 ба ниёзмандони ноњияи Варзоб ва шањри Ҳисор идома дорад.

Баҳодур Қурбониён, Котиби Генералии ҶҲАТ, ќайд намуд: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз љумла  шахсони дорои маъюбият дошта, маризон, пиронсолони яккаву танњо, ятимону бепарасторон ва дигар табаќањои ниёзманди ањолї яке аз њадафњои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба њисоб рафта, Ҷамъият њамеша мекўшад барои дастгирии онњо мусоидат намояд. Ин кўмак натиљаи њамкорињои мутаќобилан судманди байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї ба њисоб меравад”.  

Ин амали хайр дар ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњои  дар боло зикргардида амалї мегардад.

Ќобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тољикистон ба њисоб рафта, њамкории он аз соли 2017 оѓоз мегардад ва дар айни замон, тавассути ҶҲАТ 6 лоињаи башардўстї бо дастгирии ин Марказ дар шањру ноњияњои Ҷумњурии Тољикистон амалї мегарданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шањри Душанбе, 29 апрели соли 2019

26 апрели соли 2109 дар бинои Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ЉЊАТ) вохўрии якрӯзаи роҳбарияти ҶҲАТ, раисону котибони иҷроияи бахшҳои бахшњои вилоятї, минтаќавї ва шањри Душанбе, котибони иҷроияи бахшҳои шањру ноњияњои тобеи љумњурї ва сардорони шуъбаҳою кормандони Дастгоҳи иҷроияи КМ  ҶҲАТ дар мавзўї муњокимаи лоињаи Стратегияи ЉЊАТ оид ба сафарбаркунии захирањо барои солњои 2020-2025 доир гардид.  

Дар вохўрї Д. С. Мирова муовини Котиби генералии ЉЊАТ ва П. Мањмудов намояндаи Салиби Сурхи Олмон иштирок доштанд. Вохўрї дар доираи наќша-чорабинињои ЉЊАТ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиӣ 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани солҳои 2019 -2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.  

Тибќи Наќшаи амалњо оид ба иљрои пешнињодњо рољеъ ба рушди ташкилии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (18-19 октябри соли 2018) ва хулосаи Комиссияи арзёбии иқтидори созмонӣ ва сертификатсия гурўњи кории  коркарди лоињаи «Стратегияи сафарбаркунии захирањо барои 2020-2025» бо роњбарии Б.Ќурбониён - Котиби генералии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон таъсис дода шуда буд.

Машваратњои љамъомадї ва мусоњибавї тибќи Стратегияи мазкур  имкон доданд, ки афзалиятњои асосии фаъолияти ЉЊАТ бо назардошти таљрибањои омўхтаи солњои ќаблї, муайян карда шаванд.
Афзалиятњо чунинанд:
1.  Рушди созмонї (ташкилотї) ва муносибатњои инноватсионии фаъолият дар шароити муосир
2. Сиёсати рушди молиявї
3. Коммуникатсия ва тарѓибот дар ЉЊАТ
4. Њолатњои фавќулода
5. Тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї
6. Љавонон ва рушди волонтёрон
7. Муњољират

          Маќсадњо, вазифањо ва нишондињандањои Стратегияи сафарбаркунии захирањо барои 2020-2025 пурра муњокима шуданду барои муњокимаи бахшњои вилоятї, минтаќавї, шањрї, ноњиявї ва ташкилотњои ибтидої фиристода шуданд.

Љузъиётњои асосии наќшаи маблаѓљамъкунї аз донорњои байналмилалї, хайрияи шахсї,  маблаѓљамъкунї аз ањолї, маблаѓљамъкунї дар љомеањо, маблаѓљамъкунии интернетї, маблаѓљамъкунї аз диаспарњо, маблаѓљамъкунї аз закот, њамкории иттињодиявї (корпоративї) барои маблаѓљамъкунї, пешнињоди лоињањо барои донорњои байналмилалї, зиёдкунии шумораи донорњои байналмилалї бо назардошти имкониятњо, дар мисоли барќароркунии муносибатњо бо фондњое, ки дар Љумњурии Тољикистон кор мекунанд, њамчун як ќисми самаранок идоракунии лоињањои байналмилалї, бањодињї ва мониторинг, комёбии мукаммали њисоботї дар назди донорњо ва сафарбаркунии захирањои давлатї муњокима гардиданд.

ЉЊАТ дар сатњи марказї ва дар сатњи минтаќавї бо сохторњои њукуматї ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї њамкории

Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шањри Душанбе

Back to top