ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Дар бораи ҷамъият

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст.

 

Соли 1992 ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва соҳибихтиёр, ки дар ҳудуди мамлакат амал мекунад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.

 

ҶҲАТ фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти башардўстона дар асоси принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар амалӣ месозад.

 

ҶҲАТ 06.11.1997 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, аз 20.11.1997 аъзои Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ваҲилоли Аҳмар мебошад.

 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хамчун узви комилхукуки Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолият намуда, барои амали гардидани ҳадафхои худ дар ростои расонидани кўмак ба афроди ниёзманди ҷомеъа ва мусоидат ба маќомоти давлатӣ ҷиҳати пиёда намудани Стратегияи паст намудани сатхи камбизоатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрези шудааст, талоши густурдаю муназзаме анҷом медихад.

 

ҶҲАТ дар саросари кишвар аз 65 бахшҳои маҳаллӣ, 4 бахшҳои ҳудудӣ, 190 нафар корманд, зиёда аз 3500 нафар аъзоён, зиёда аз 4000 ихтиёриён ва 621 ташкилоти ибтидоӣ иборат аст.

 

ҶҲАТ узви Шурои ҷамъиятӣ буда, фаъолона дар ин самт ҳамкорӣ менамояд.

 

 

 

Back to top