ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Вохурии намояндагони БОР бо Котиби Генералии ЧХАТ

Рўзи 07 июли соли 2016 дар кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) вохўрии Котиби Генералии ЉЊАТ бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар Љумњурии Тољикистон љаноби Чарлз Мелњуиш – мутахассис оид ба сиёсати бехатарї дар роњњо ва љаноби Филлип Љордан – муњандиси бехатарии роњњо баргузор гардид.

Њадаф аз вохурї шиносої бо фаъолияти Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ва махсусан шиносої бо барномаи бехатарии њаракат дар роњњо, ки аз љониби ЉЊАТ дар солњои 2015 ва нимаи аввали соли 2016 амалї гашт, буд.

Дар аввал Котиби Генералии ЉЊАТ Ќурбониён Бањодур мењмононро ба кумитаи марказии ЉЊАТ хайрамаќдам гуфта, оид ба фаъолияти ЉЊАТ маълумоти мухтасар дода, сипас иброз дошт, ки тўли фаъолияташ ЉЊАТ бисёр лоињаву барномањоро дар самтњои гуногуни башардўстї амалї намуда, њамеша бањри дастгирии мардуми ниёзманд мекўшад.

Намояндагони БОР аз маълумоти мухтасари пешнињодшуда ба Котиби Генералии ЉЊАТ изњори миннатдорї баён намуда, њамчунин оид ба фаъолияти БОР дар самтњои гуногуни иќтисодиёти Тољикистон ва махсусан оид ба дастгирии онњо љињати бунёди роњњо ва фароњам овардани инфрасохтори хуби иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон ахборот доданд.

Сипас, аз љониби тарафайн дар якљоягї бо мутахассисони ЉЊАТ вобаста ба лоињањои амалкунандаи ЉЊАТ, лоињањои БОР дар Тољикистон ва њамкорињои минбаъдаи мутаќобилан судманд гуфтугуи судманд барпо гашт.

Бояд ќайд намуд, ки дар ин вохурї њамчунин Илњом Рањимов, сардори шуъбаи иљтимої-тиббї, Умед Сайдуниев, сардори шуъбаи њолатњои фавќулодда, Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстии ЉЊАТ ва Ганљина Фозилова, њамоњангсози њамкорињои минтаќавии Дафтари БОР дар Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд.


Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 07.07.2016

Back to top