ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Курси омузиши оид ба хукуки байналмилалии башардусти

Рўзњои 27-29-уми соли 2016 дар осоишгоњи “Эдем”-и дењаи Ќаротоѓи шањри Турсунзода курси якуми тобистонаи омўзишї оид ба њуќуќи байналмилалии башардўстї барои мушовирони фанњои таъриху њуќуќи раёсату шуъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї барпо гардид. Ин чорабинї аз љониби барномаи “Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстии”-и Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) бо дастгирии намояндагии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) дар Љумњурии Тољикистон ташкил карда шуд.


Дар љараёни барпои ин курси тобистона Котиби иљроияи ЉЊАТ дар шањри Турсунзода – Бегматов Абдуњаким, кормандони Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Љумњурии Тољикистон – Солиев Муродљон ва Миралибеков Бењрўз ширкат варзиданд.


Маќсад аз гузароиндани ин чорабинї ин баланд бардоштани савияи дониши мушовирони фанњои таърих ва њуќуќ дар мактабњои тањсилоти умумии љумњурї оид ба њуќуќи байналмилалии башардўстї ва њамчунин оид ба фаъолияти ЉЊАТ буд. Иштирокчиён дар як муддати кўтоњ тавонистанд бо фаъолияти се ќисмати Њаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар шинос гардиданд. Инчунин, иштирокчиён дар бораи тарзњои истифодабарии нишонњои Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва фаъолияти ихтиёриёни он ошно гардиданд.


Боиси хушнудист, ки дар ин курси тобистона ќариб њамаи даъватшудагон, яъне 24 нафар иштирокчї аз њамаи манотиќи кишвар ташриф оварда, фаъолона ширкат варзиданд.

Ин чорабинї мутобиќи наќшаи кории барнома сурат гирифта, њамоњангсози барномаи “Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстии” дар давоми ин чорабинї ба иштирокчиён оиди мавзуъњои барномаи курси тобистона ва равандњои фаъолияти ЉЊАТ дар шањру ноњияњо баромадњои муфассал бо пахши филмњои мустананд доир намуд. Њамчунин дар ин чорабинї тренери касбї аз академияи илмњои Љумњурии Тољикистон доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Раљабов Саидумар Одинаевич даъват шуда буд, ки ў ба иштирокчиён оид ба якчанд мавзўъњои мубрами њуќуќи байналмилалии башардўстї баромадњо доир намуд.


Баъди анљоми ин чорабинї иштирокчиён аз шањру ноњияњои гуногуни љумњурї ќайд намуданд, ки ин чорабинї ба онњо хело писанд омад ва онњо тавонистанд, ки дар муддати кўтоњ бо мавзўъњои васеъи он шинос гардида, аз тозатарин ахборот дар ин самт огањ гардиданд ва хоњиш карданд, ки дар оянда низ баргузории чунин чорабинињо ба наќша гирафта шаванд, то ба омўзгорон имконоти хуби такмили донишњо ва таљрибаомўзии якдигар ва њамчунин аз фаъолияти ЉЊАТ, КБСС ва дигар ташкилотњо аз наздик огоњ гардида сањми хешро дар мусоидат намудани бисёр масъалањо гузоранд.


Бояд ќайд намуд, ки курси дуюми омўзишї оид ба њуќуќи байналмилалии башардўстї барои мушовирони фанњои таъриху њуќуќи раёсату шуъбањои маорифи шањру ноњияњои боќимондаи љумњурї дар охири моњи августи соли 2016 барпо хоњад гашт.


Нодир Аминзода, масъули иттилооти ЉЊАТ, ш. Душанбе, 01.08.2016

Back to top