ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Сабакхои омухташуда оид ба сел ва обхезихои шадид

Рўзи 12 августи соли 2016 дар толори Анри Дюнани Дастгоњи Иљроияи Кумитаи Марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) нишаст оид ба сабаќњои омухташуда (DREF MDRTJ024) дар мавзуи «Сел ва обхезињои шадид» дар Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинї роњбарият ва кормандони ЉЊАТ, намояндагони Федерератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва намояндагони дигар ташкилотњои њамкор иштирок намуданд.

Чорабиниро котиби генерадлии ЉЊАТ Ќурбониён Бањодур њусни оѓоз бахшида, доир ба фаъолият ва пешрафти ЉЊАТ дар самти њолатњои фавќулодда суханронї намуд.

Сипас Аминзода Нодир, масъули барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстї»-и ЉЊАТ оид ба таърих ва фаъолияти ЉЊАТ ва наќши муњими иттилоот зимни њолатњои фавќулодда баромади мухтасар бо пахши филм дар бораи ЉЊАТ намуд.

Њамчунин дар ин чорабинї Умедалї Сайдуниев, сардори шуъбаи њолатњои фавќулоддаи ЉЊАТ, Маљид Бозоров, намояндаи бахши ЉЊАТ дар шањри Панљакент, подполковник Росим Аминов, корманди департаменти њифзи ањолї ва њудуди Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон баромад ва суханронї намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинї – ин шиносии иштирокчиён оид ба фаъолият дар самти њолатњои фавќулодда ва сабаќњои омухташуда аз он буда, ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҶҲАТ, бавижа дар ҳавзаи омодагии изтирорӣ ва посух ба офатњои табиъӣ буд.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 12/08/2016

Back to top