Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Созмони UN WOMEN амалишавии лоиҳаи хушунат нисбат ба занон, духтарон, кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки ба кӯмаки ҳуқуқию моддӣ ниёз доранд, оғоз намуд. Давомнокии лоиҳа панҷ моҳро дар бар мегирад, ки он дар навоҳии Рӯдакӣ, Ёвон, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва Исфара татбиқ мешавад. Дар ҳошияи лоиҳаи мазкур 120 волонтёри корозмудаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба афроди фарогири ин лоиҳа оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҳамчунин оид ба фаъолияти марказҳои буҳронии занону духтарон, маълумот дода, ҳамзамон ба ҳалли мушкилоти онҳо дар самти пешгирӣ аз хушунат мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 25 июни соли ҷорӣ ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Созмони UN WOMEN ба чор маркази буҳронӣ, аз ҷумла Иттиҳоди ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос», Иттиҳоди ҷамъиятии «Фемида», Иттиҳоди ҷамъиятии «Корвони умед» ва Иттиҳоди ҷамъиятии «Лигаи занони дорои маъюбиятдошта» маводи тиббӣ, аз қабили ниқобҳои муҳофизатии тиббии бисёркарата 80 дона ва ҳамчунин 80 баста қуттии маводи гигиенӣ тақсим карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки рӯзҳои наздик 120 адад лавозимоти дигар ва 120 қуттии дорои маводи гигиенӣ ба 6 иттиҳоди ҷамъиятҳои дигар дар шаҳри Исфара, Ҳисор, ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров, Ёвон, Рӯдакӣ ва ноҳияи Восеъ тақдим мешавад.