Автомарафон бахшида ба рузи умумичахонии зидди бемории сил

0
77

18 марти соли 2020 аз чониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Точикистон (ҶҲАТ) дар хамбастаги бо шарикони рушди ҶҲАТ аз ташкилотхои байналмилалии USAID ва MSF бахшида ба рўзи умумичахонии мубориза ба зидди бемории сил дар шахри Душанбе ва нохияи Рўдаки автомарафон бо икдоми хайрияви баргузор гардид.

Дар ин автомарафон кормандони масъули ҶҲАТ бо баландгўякхо мардумро оид ба бемории сил, хавфу хатари он ва роххои пешгирии он огох намуда, хамчунин дар чойхои серахолии шахри Душанбе ва нохияи Рўдаки, махсусан ба минтакае, ки дар он корчўён хамеша чамъ мешаванд (мардикорбозор) ва бозори марказии нохияи Рўдаки ташриф оварда, бо онхо маводхои иттилооти оид ба бемории сил ва саволу чавоб оид ба ин бемории сиряти доир намуданд. Голибон бо тўхфахои хотирави кадрдони гардиданд.

Бояд кайд намуд, ки хамасола кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар тачлили хама чашну чорабинихои байналмилали ва умумичумхурияви, алалхусус дар Рўзи умумичахонии мубориза ба зидди бемории сил, Рўзи байналмилалии донории хун, Рўзи умумичахонии мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД ва гайрахо фаъолона икдомхо барпо менамоянд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 18 марти соли 2021