Лоиҳаи байнисарҳадӣ бо маблағгузории Вазорати Федералии рушди иқтисоди Олмон тавассути Салиби Сурхи Олмон дар 3 мамлакат (Тоҷикистон, Узбекистонва Қирғизистон) амалӣ мешавад.
Марҳилаи I «Дастгирии сохторҳои институтсионалӣ дар сатҳи ҷомеаҳо бо мақсади паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар мамлакатҳои мақсадноки Осиёи Марказӣ(Қирғизистон ва Тоҷикистон)»аз соли 2013 шуруъ шуда то охири моҳи декабри соли 2016 идома ёфтааст.
Марҳилаи II «Саҳм ба қавигардонии зарфият ва бештар намудани устувори сохорҳои Ҳилоли Аҳмар ва ҷомеаҳои фарогирифташуда дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои интихобшудаи Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Тоҷикистон)» аз моҳи январи соли 2017 шуруъ шуда то охири моҳи декабри соли 2019 идома ёфтааст.
Марҳилаи III «Мусоидат ба Ҳилолҳои Аҳмар дар татбиқи ваколати иҷтимоии дарозмуддат ҳамчун ҷамъиятҳои миллии ёрирасон баҳри мардуми осебпазир дар Осиёи Марказӣ (2020-2022)» Марҳилаи сеюм аз моҳи январи соли 2020 шуруъ мешаваду то охири моҳи декабри соли 2022 –ро давом мекунад.
Ташкилкунии кумитаҳои маҳал (таъминкунӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ), муайянкунии сатҳи камбизоатӣ ва иқтидор, семинарҳои омӯзишии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввал, системаи огоҳкунии аҳолӣ, корҳои ҷустуҷӯи – наҷотдиҳӣ, корҳои амалии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввал, лоиҳаҳои митигатсионӣ, барқароркунии ҳамкориҳо бо сохторҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ, гузаронидани озмуни расмҳо ва аксҳои беҳтарин дар мавзуъҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани кӯмакҳои хӯрока ва ғайрихӯрока корҳоеанд, ки дар сатҳи ташкилоти ибтидоӣ гузаронида шудаанд.
Дар марҳилаи дуюм ҳамаи кумитаҳои маҳал ба ташкилотҳои ибтидоӣ табдил дода шуданду лоиҳаҳои хурди иҷтимоӣ барои фаъолияткунии ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил карда шуданд.
Бо мусодати лоиҳаи мазкур Стртаегияи ҶҲАТ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2020-2024 ва Стратегияи сафарбаркунии захираҳои ҶҲАТ барои солҳои 2020-2024 омода ва барои тасдиқ пешниҳод шудаанд.
Фаъолияти лоиҳаи мазкур ҷавобгӯи Стратегияи рушди ҶҲА барои солҳои 2016-2020, Боби 4, қисми 30 (тавсеа ва рушди шабакаи ташкилотҳои ибтидоӣ) мебошад.
Лоиҳаҳои иҷтимоӣ–фоидаовардарназдибахшҳоиҶҲАТ дарш.Исфараван.Ҷ.Расулов
№ | Номилоиҳа | Маҳаллии ҷрошавиилоиҳа | оғозилоиҳа | Фарогирииаҳолӣ |
1 | Нонвойхона | бахшиҶҲАТ дар н. Ҷ.Расулов | соли 2016 | 148324 |
2 | Сехикондитерӣ | бахши ҶҲАТ дар н. Ҷ.Расулов | соли 2017 | 148324 |
3 | Майдончаи футбол | ш.Исфара, деҳаи Найман | соли 2018 | 2987 |
4 | Сехиқаннодӣ | бахшиҶҲАТдар ш. Исфара | соли 2018 | 270, 07 |
5 | Сартарошхона | н.Ҷ.Расулов, деҳаи Маданият | соли 2018 | 1870 |
6 | Сартарошхона | н.Ҷ.Расулов, деҳаи Тоҷикобод | соли 2018 | 3163 |
7 | Сартарошхона | н.Ҷ.Расулов, деҳаи Зарафшон | соли 2018 | 5558 |
8 | Толориҳусн | н.Ҷ.Расулов, деҳаиУзбекқишлоқ | соли 2019 | 12435 |
9 | Сехидӯзандагӣ | н.Ҷ.Расулов, деҳаи Узбекқишлоқ | соли 2019 | 12435 |
10 | Сартарошхона | ш.Исфара, деҳаи Шӯроб | соли 2019 | 3023 |
11 | Таъмирипойафзол | ш.Исфара, деҳаи Шӯроб | соли 2019 | 3023 |
12 | Майдончаи футбол | ш.Исфара, деҳаи Боғистон | соли 2019 | 2589 |
13 | Майдончаи футбол | ш.Исфара, деҳаи Гулистон | соли 2019 | 2540 |
14 | Майдончаи футбол | н.Ҷ.Расулов, деҳаи Хитой | соли 2019 | 2370 |