———————————————————————————————————— Сил яке аз бемориҳои сирояткунанда буда, аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи нафас мегузарад. Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз 2 ҳафта ва аксар вақт бо хориҷ кардани балғам, бемадорӣ ва мондашавӣ, камшавии иштиҳо ва вазни бадан, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона, дарди қафаси сина ва хунтуфкунӣ мебошад. Бемории мазкур бо роҳи ҳавоӣ паҳн шуда, ангезандаи он аз шахси гирифтори сили шуш ҳангоми суҳбат кардан, сулфа ё атса ба ҳавои хона мебарояд ва онро заҳролуд месозад.
Одами солим ҳангоми аз ин ҳаво нафас кашидан мумкин сироят ёбад. Аз 5 то 10% сироятёфтагон дар давоми умрашон ҳангоми бо сабабҳои гуногун заиф гаштани масунияти баданашон, метавонанд нишонаҳои бемориро пайдо кунанд ва гирифтори беморӣ шаванд. Бо вуҷуди ин, дар сурати сари вақт пешгирӣ ва табобат намудани беморӣ паҳншавии онро рафъ кардан имконпазир аст. Оиди лоиҳаи USAID оид ба рафъи сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) ва шарҳи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ETICA суҳбати моро бо Дилором Мирова – менеҷери лоиҳаи «ETICA оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» мутавваҷеҳ бошед.
————————————————————————————————————
-Дилором Мирова, лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) чӣ гуна роҳандозӣ гардидааст ва он кадом минтақаҳоро фаро мегирад?
-Лоиҳаи мазкур ба туфайли кўмаки мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гашт. Дар давоми 1 соли роҳандозӣ кардани лоиҳа 5 ноҳияи Вилояти Суғд, аз қабили шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, н. Ҷаббор Расулов, Исфара ва Спитамен ба нақша ворид гардидааст.
-Оё бемории силро пешгирӣ кардан имконпазир аст?
-Албатта, пеш аз ҳама усули аз ҳама самараноки пешгирии паҳншавии беморӣ ин сари вақт дарёфт кардан ва бо табобати мувофиқ бартараф кардани манбаи сироят-яъне, шахси гирифтори бемории фаъоли шушҳо мебошад. Барои пешгирӣ кардани сироят бояд ҳавои хонаро тез-тез иваз ва тоза кард ва бо латтаи намнок хонаю фаршҳоро бояд мунтазам тоза кард. Беморони гирифтори сил барои сироят накардани атрофиёнашон то басшавии микробхориҷкунӣ дар даруни хона бояд ниқобҳои ҷарроҳӣ (тиббӣ) пўшанд. Шахсони солим, ки ба бемор нигоҳубин мекунанд ва кормандони тиб бояд респиратор истифода баранд.
-Ба беморони сил чӣ гуна кумак расонида мешавад?
–Ба беморон пеш аз ҳама кўмаки равонӣ ва иҷтимоӣ расонида мешавад.
-Беморӣ дар байни кадом гурўҳҳои аҳолӣ бештар паҳн мешавад?
-Беморӣ дар гурўҳҳои доро бо хавфи баланди сироятшавӣ бештар паҳн мешавад, ки ба онҳо алоқамандии шахси бемор, муҳоҷирон, ки вақти тўлонӣ дар шароити вазнин кор мекунанд, маҳбусон, шахсони дорои бемориҳое, ки сабаби заиф гаштани масунияти бадан ва ғайраҳо дохил мешаванд.
-Дар доираи лоиҳа киҳоро таҳти назорат қарор медиҳед?
-Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа ин пурзўр намудани дарёфти бемории сил дар байни алоқамандони беморон, муҳоҷирони меҳнатӣ (ашхосе, ки зиёда аз як моҳ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва ба Тоҷикистон баргаштаанд, камтар аз як сол пеш аз санаи ҷалбшавӣ ба барнома) ва нафарони гирифтори ВНМО.
-Кадом чорабиниҳоро ҷиҳати пешгирӣ намудани беморӣ роҳандозӣ мекунед?
-Ҳамкории зич намудан бо мақомотҳои давлатӣ ва маҳаллии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ва бо шарикони оиди рушди барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо роҳи гузаронидани мизҳои мудаввар ва вохўриҳои мунтазам; Тайёр намудани омўзгорон аз байни ҳамоҳангсозони ҶҲАТ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ оиди корбарӣ дар байни аҳолӣ баҳри пурзўр намудани дарёфти сил дар сатҳи ҷомеа ва дастгирии беморони гирифтори шалҳои вазнин ва доруҳои устувори бемории сил; Интихоб ва омўзонидани ихтиёриён аз байни фаъолони ҷомеа барои амалигардонии лоиҳа; Гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотӣ дар хонаводаҳои алоқамандони бемор, муҳоҷирон ва дигар гурўҳҳои осебпазир, дарёфти шахсони эҳтимолият бар сил дошта бо роҳи скрининг (пурсиш), равон кардани онҳо ба воситаи ваучер ба муассисаҳои тиббӣ барои аз муоина ва ба бемории сол ташхис гузаштан. Дастгирии табобати бевоситаи назоратшавандаи беморони сил, дастгирии ҳамаҷонибаи беморон барои баланд бардоштани иродатмандии беморон ба табобат, пешгирии кандашавӣ аз табобат, таъмини кумаки иҷтимоӣ ва равонӣ ба беморон, бартараф кардани монеаҳои босамари табобат. Ҳамаи ин чораҳо дар ҳамкории зич бо мақомотҳои давлатию маҳаллӣ, бо ҷалби тамоми ҷомеа, фаъолону сарватмандони маҳаллӣ амалӣ мегарданд.
-Барои муайян намудани беморони гирифтори сил дар хонаводаҳо чӣ гуна корҳо гузаронида мешавад?
-Дар хонаводаҳое, ки бемор доранд, инчунин оилаҳои муҳоҷироне, ки дар онҳо бемории сил ба қайд гирифта шудааст ва дар оилаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда инструктор ва ихтиёриён бо назардошти аломату нишонаҳои беморӣ скрининг гузаронида, шахсони эҳтимолият ба сил доштаро муайян месозанд.
–Намудҳои кўмаки иҷтимоӣ барои беморони сил кадомҳоянд?
-Таъмини мунтазам бо хўрока, таъмини сару либос ва пойафзоли оилаҳои ниёзманд, мунтазам ва аз рўи имкон таъмини оилаҳо бо орд, равған ва шакар, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти ширӣ аз заводҳои хурд ва ташкилотҳои хурде, ки бо онҳо қаблан созишнома баста шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва ҷамоатҳо тахт намудани ҳуҷҷатҳо барои ҳалли масъалаҳои пардохти имтиёзноки хизматрасониҳои коммуналӣ дар давраи табобати беморон. Дар зарурат бо нақлиёт таъмин сохтани бемороне, ки таҳти табобат қарор доранд.
-Дар доираи лоиҳа бо кадом вазорату кумитаҳо ҳамкорӣ мекунед?
-Бо Вазорати тандурустӣ (Марказҳои ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, Марказҳои СПИД, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим), Вазорати маориф, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати ҶТ, Мақомоти маҳаллӣ (ҳукуматҳои ҷамоатҳо ва ғайра).
-Волонтёрон барои амалигардонии лоиҳа чӣ гуна интихоб мешаванд?
-Волонтёри омўзонидашудааъзои ҷамоат аст ва бо он робитаи зич дорад. Амалисозии лоиҳа аъзоёни ҷомеаро сафарбар намуда, ба иттилооти дуруст ва ташаккули масъулият дар бораи саломатии онҳо дар байни аҳолӣ, аҳамияти дастрасии саривақтӣ ба ёрии тиббӣ ва пешгирии табобати шаклҳои хуруҷнамудаи беморие, ки табобаташ душвор асту ба ҳаёт таҳдид мекунад ва ба паҳншавии ин беморӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, мусоидат менамояд. Волонтёрон аз ҷумлаи лидерҳои ҷамъиятӣ, лидерҳои динӣ, ҷавонон, занони фаъол, омўзгорон, кормандони тиб интихоб мешаванд. Чорабиниҳои волонтёрӣ дар мактабу ҷомеа гузаронида мешавад. Волонтёр бояд дорои маълумоти кофӣ оиди бемории сил бошад ва роҳҳои пешгирӣ намудани бемориро фаҳмонида тавонад. Миёни мардум эътибор дошта бошад, раҳмдил бошаду нисбати беморон ғамхорӣ зоҳир намояд. Маълумот дар бораи беморонро махфӣ нигоҳ дошта, хатари сироятнок будани бемории мазкурро дарк намуда, қоидаҳои назорати сироятиро риоя намояд. Кўмаки равонӣ ва иҷтимоӣ расонида тавонад. Бояд қайд намуд, ки дар шабу рўзи пандемияи коронавирус волонтёрон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати саривақтии бемории сил аз ҳарвақта бештар фаъолият намуданд, ки боиси таҳсин аст.
-Мақсад аз ҷорӣ намудани лоиҳа чист?
– Ҳадафи лоиҳа татбиқ намудани чорабиниҳо оид ба назорати бемории сил бо мақсади таъмин намудани қобилияти ҷамоаҳо барои мустақилона ҳал кардани мушкилоти марбут ба сил мебошад. Ин ба туфайли таҷрибаи дар рафти лоиҳа ба даст овардани фазои мусоид ва таҳаммулпазир аз стигма ва табъиз дар ҷомеа имконпазир мегардад, то беморони сил сари вақт муайян карда шаванд, ба ҳамаи чорабиниҳои ташхисӣ саривақт дастрас шаванд ва табобати зидди бемории сил бомуваффақият анҷом дода шаванд. Ин ба туфайли дастгирии ҳамаҷонибаи психологию иҷтимоии беморон ва оилаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти худидоракунии давлатӣ (ҷамоатҳо, кумитаҳои деҳот, кумитаҳои кор бо занон ва оила, пешвоёни дин, пешвоёни ҷавонон ва ғайра) имконпазир аст. Бо гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ ҳукуматҳои ноҳияҳо дар татбиқи лоиҳа ҷалб карда мешаванд, ки дар сатҳи он Қарорҳо оид ба расонидани кўмаки иҷтимоӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ ба беморони сил таҷдид карда мешаванд, саволҳо гузошта мешаванд, дастгирии беморон дар тақсимоти имтиёзҳо ва кўмакҳо, ки аксуламали мусбии гурўҳҳои осебпазир ба мавқеи мақомоти маҳаллӣ, ки ба тақдир ва саломатии одамон бепарво нестанд, пас аз ба итмом расидани лоиҳа давом хоҳад дошт. Дар сатҳи ҷомеа кормандони ҷамоатҳо, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ташкилотҳои динӣ ва ҷавонон ҷалб карда мешаванд, ки онҳо низ дар ҳалли мушкилоти марбут ба сил таҷрибаи бебаҳо мегиранд.
Бознашр аз ҳафтаномаи “Оила”