Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба амали намудани фаъолиятҳои лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» дар минтақаи Рашт оғоз менамояд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар таърихи 07.11.2022 дар шаҳраки Ғарм мизи мудавваро оиди оғози фаъолияти лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» баргузор намуд. Лоиҳаи мазкурро Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID BHA) маблағгузори менамояд. Дар ҳудуди минтақаи Рашт лоиҳаи мазкур ноҳияҳои Рашт (деҳаҳои Қазноқ ва Шаҳрисабз), Тоҷикобод (деҳаҳои Фатҳобод ва ва маркази ноҳия) ва Лахш (деҳаҳои Пилдони миёна ва Пилдони боло)-ро дар бар мегирад.
Дар доираи фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур масьалаҳои пурзуртар намудани ҳамкориҳои ҶҲАТ бо сохторҳои давлати ва шарикони ҳамкор баён гардидаанд. Инчунин таьсиси кумитаҳои маҳалии эътино ба ҲФ дар деҳаҳои мақсаднок, ташкили гуруҳҳои зудамал аз байни хонандагони мактабҳои мақсадноки лоиҳа, ташкил намудани омузишҳо бо ин гурруҳо, пурзур намудани корҳои тарғиботи оиди омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавкулодда дар байни аҳолӣ ва хонандагон, ташкили машкҳои амали, ташкили озмунҳои расми беҳтарин дар байни волонтерон ва хонандагон, гузаронидани тадқиқотҳои иқтидор ва осебпазири дар деҳаҳои мақсаднок, гузаронидани митигатсияҳои сохтори ва гайрисохтори дар деҳаҳо ва мактабҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои маҳалии ҳокимияти давлати, намояндагони шуьбаҳои маориф, намояндагони КҲФ ва МГ, котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, намояндаи намояндаи идораи обухавошиносии ноҳияи Рашт, намояндаи КБСС дар минтақаи Рашт ва кормандону ихтиёриёни ҶҲАТ( аъзоени гуруҳи МВҲФ-и минтақаи Рашт) ширкат варзиданд.
Тамоми иштирокдорони мизи мудаввар самти омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро, ки ҶҲАТ дар солҳои пеш тавассути маблағгузорони дигар ташкил карда будааст, саволу чавоб намуда, дар рафти амалишавии фаъолиятҳои лоиҳаи мазур бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро баён намуданд.
Ҳамин тариқ, дар мизи мудаввари мазкур фаъолиятҳои лоиҳаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ» расман оғоз эълон гардиданд. Мақсади асосии он боз ҳам баланд бардоштани иқтидори ҷамьияти миллӣ дар самти омодагӣ ва эътинои сифатноку саривақтӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.