Аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар ниёзмандон

0
353

21-22 майи соли 2023 кормандони филиали Ҷамъияти Щилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар ниёзмандонро дар шаҳри Душанбе аёдат намуданд.

Зимни аёдат онҳо аз аҳволи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дар ақибгоҳ будагон хабар гирифта, ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Ҳамчунин кормандони Ҷамъият ба якқатор ниёзмандони дигари шаҳри Душанбе низ бастаҳои хурокворӣ тақдим намуданд.