Аёдати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

0
610

18 ва 19 май кормандони Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо филиали Ҷамъият дар шаҳри Душанбе собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳониро аёдат намуданд.

Зимни аёдат кормандони Ҷамъият собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳониро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрик намуда, ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Дар вақти суҳбат аз заҳматҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид ёдовар шуда, таъкид гардид, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, беморон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, иштирокчиёни ҷанг ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият дар ин самт ҳамеша тадбирҳо меандешад.