Баргузории баромаду вохуриҳо дар ноҳияҳои водии Рашт

0
2032

Аз 1 то 5 декабри соли 2019 Аминзода Нодир, њамоњангсози Барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстї» љињати баргузории мониторинги барнома ва тарѓиботи бештари ањолї оид ба Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва фаъолияти Њилоли Ањмари Тољикистон ба якќатор ноњияњои водии Рашт ташриф овард. Зимни сафари худ Аминзода Нодир ба ноњињои Рашт, Тољикобод, Лахш ва Нуробод ташриф намуда, бо фаъолон, ихтиёриёни бахшњои ЉЊАТ дар ин ноњияњо, намояндагони раёсату шуъбањои тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, мењнат, маориф, донишљўён ва талабагони Муассисањои таълимоти умуми ин ноњияњо вохурињо бо баромадњо баргузор намуд. Дар ин вохурињо оид ба Њаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва фаъолияти ЉЊАТ дар Љумњурии Тољикистон баромадњо бо пахши филмњои мустанад ташкил карда шуданд.

Дар вохурї дар Коллељи тиббии ноњияи Рашт зиёда аз 150 нафар, Муассисаи касби техникии назди Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Тољикобод зиёда аз 120 нафар, коллељи тиббии ноњияи Лахш 80 нафар ва муассисаи таълимоти умумии №1-и ноњияи Нуробод зиёда аз 160 нафар  ва дар маљмуъ 510 нафар иштирок намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки зимни баргузории вохурињо танзимгари барнома дар водии Рашт ва котибони иљоияи бахшњои ЉЊАТ дар ин ноњияњо иштирок намуданд.

Дар оѓози њар як вохурї вобаста ба баланд бардоштани савияи донишу малакаи иштирокчиён аз љониби њамоњангсози барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстї» баромади махсуси соддашуда оид ба мавзуъњои интихобгардида бо пахши филми мустанад барпо гардид. Сипас саволу љавобњо доир гардиданд. Дар як фурсати кўтоњ иштирокчиён оид ба бисёр масъалањои рўзмарра бањсњои љолиб доир гардиданд. Дар љамъбасти чорабинињо фикру мулоњизањо ва пешнињодоту иштирокчиён, волонтёрон аз љониби њамоњангсоз номнавис карда шуданд, ки љињати иљроиши онњо чорањои зарурї андешида хоњанд шуд.

Бояд ќайд намуд, ки барпои чунин чорабинињо боиси васеъ гардидани донишу малакаи волонтёрон ва аъзоёни ЉЊАТ гардида, ба њавасмандии волонтёрон ва зиёд гаштани сафи онњо мусоидат хоњад кард.

Дар фарљоми чорабинињо иштирокчиён изњори ќаноатмандї нишон дода, дархост намуданд, ки чунин вохурињо барои онњо бештар ташкил карда шаванд то ки онњо тавонанд дар бораи фаъолиятњои ЉЊАТ ва њамкорнаш бештар маълумот пайдо намоянд.