БАРГУЗОРИИ БАРОМАДХО БАРОИ КОРМАНДОНИ ҲИЛОЛИ АХМАРИ ТОҶИКИСТОН

0
1703

  27 декабри соли 2018 дар Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли А

ҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) курси кўтоҳи омўзиши оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар, Булури Сурх ва лоиҳаи низомномаи нави таҳияшуда дар бораи ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ аз ҷониби шуъбаи «Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар мутахассисон ва волонтёрони ҶҲАТ ва намояндагони бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин шиносоӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва волонтёрон оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, қисматҳои он ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ буд.

Дар оғоз ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху пайдоиш ва фаъолияти Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, қисматҳои он, принсипҳо ва аломатҳо аз ҷониби Аминзода Н., масъули иттилоот ва  ҳуқуқи байналмиллалии башардўстӣ баромадҳо бо пахши филмҳои мустанад доир гардиданд. 

Сипас, Муноҷот Шумқоров, мутахасиси шуъбаи «Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» дар бораи низомномаи нави таҳияшуда дар бораи ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ баромад доир гардид.

Баъди нисфирўзӣ чунин курси омўзиши барои волонтёрон ва кормандони нави ҶҲАТ дар ҳамбастаги бо муҳассилини намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар он 17 нафар бо саволу ҷавоб ва баррассии мавзуҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд.

Умуман, барномаи чорабиниҳо ба таври содда ва оммафаҳм тартиб дода шуда буд ва иштирокчиён дар як фурсати кўтоҳ тавонистанд бо таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар мавзухо шиносоӣ пайдо намуда, савияи дониши худро баланд бардоранд.

Субҳи 27 декабри соли 2018 дар Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) курси кўтоҳи омўзиши оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар, Булури Сурх ва лоиҳаи низомномаи нави таҳияшуда дар бораи ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ аз ҷониби шуъбаи «Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.