23 ноябри соли 2023 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баромадҳо доир гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.
Сипас, аз ҷониби Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Дафтари КБСС дар Тоҷикистон баромади мухтассар оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар донишҷуён ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок намуданд.
Намояндагони ҶҲАТ ва КБСС ба суолҳои донишҷуён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 24 ноябри соли 2023