22 майи соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, воқеъ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баромадҳо доир гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.
Сипас, аз ҷониби Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Дафтари КБСС дар Тоҷикистон баромади мухтассар оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 60 нафар донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар иштирок намуданд.
Намояндагони ҶҲАТ ва КБСС ба суолҳои донишҷуён ҷавобҳои мушаххас дода, аз ҷониби намояндаи КБСС ба китобхонаи Донишгоҳ як миқдор адабиётҳои зарурӣ тақдим намуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 майи соли 2024