24 майи соли 2023 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар факултаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баромадҳо доир гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.
Сипас, аз ҷониби Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Дафтари КБСС дар Тоҷикистон баромади мухтассар оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар донишҷуёни гуруҳҳои таърих ва ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.
Намояндагони ҶҲАТ ва КБСС ба суолҳои донишҷуён ҷавобҳои мушаххас дода, дар охир барои иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 24 майи соли 2023