Баргузории баромадҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

0
544

11 апрели соли 2023 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромадҳо доир гардиданд.

Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.

Сипас, аз ҷониби Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Дафтари КБСС дар Тоҷикистон баромади мухтассар оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар донишҷуёни гуруҳҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намояндагони ҶҲАТ ва КБСС ба суолҳои донишҷуён ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 11 апрели соли 2023