Баргузории баромад дар Маркази саломатии шаҳри Гулистон

0
49

9 декабри соли 2024 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ дар Маркази саломатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки донишҷуён-таҷрибаомӯзони колеҷи тиббии шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ роҳбари филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оид ба фаъолияти филиал ба иштирокчиён маълумот дод.

Сипас, Раъно Камолова танзимгари барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, тарзҳои дохил шудан ба сафи волонтёрони ҶҲАТ баромад намуда, ба суолҳои донишҷӯён  посух дод.

Бори аввал, ҷиҳати мубодилаи таҷриба танзимгари барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, аз тарзи кори барнома дар вилояти Суғд аз наздик шинос гардида, савияи донишу малакаи худро такмил дод.