Баргузории баромад оид ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Леваканд

0
249

Имрӯз дар толори қасри фарҳанги шаҳри Левакант бахшида ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Тахмина Қурбонова, роҳбари филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Леваканд баромад ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ Тахмина Қурбонова дар бораи фаъолияти ҶҲАТ ва махсусан оид ба баргузории Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияи кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиён баргаҳои иттилоотӣ оиди ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ тақсим карда шуданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 04 майи соли 2024