Баргузории баромад оид ба сафари кори ба Женева

0
1981

Имруз дар Кумитаи Марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) баромад оид ба сафари кории рохбарияти Чамъият ба шахри Женеваи Шветсария бо иштироки кормандони Дастгоги ичкоияи КМ ЧХАТ доир гардид.
Нурали Одинаев, ёрдасчии Котиби генералии ЧХАТ дар огоз оид ба ин сафари кори мухтасар ба иштирокчиен маълумот дод.
Сипас, Аминзода Нодир, хамохангсози барномаи “Иттилоот ва хукуки байналмилалии башардусти” дар назди хозирин баромад намуда, дар охир барои иштирокчиён як навори хурд аз чорабини пахш намуд.
Бояд кайд намуд, ки аз 18 то 23 июни соли 2022 дар Маркази намоишгоҳ ва конгресси байналмилалии Палекспои шаҳри Женеваи Швейтсария ҷаласаҳои оинномавии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гардиданд.
Ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти он Қурбонов Саид Сафарович, Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ ва Аминзода Нодир, њамоњангсози Барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстї»-и ҶҲАТ дар иҷлосияи 23-юми Ассамблеяи Генералии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБССваҲА) ва Шӯрои вакилони Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ширкат варзиданд.
Дар он намояндагони зиёда аз 171 кишвари узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок доранд.
Рузи якшанбеи 19 июнь дар Ассамблеяи Генералии Федератсияи Байналхалкии Љамъиятњои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар оид ба хайати нави раёсати ФБҶССваҲА, мақоми рохбарикунандаи Федерацияи байналмилалӣ овоздихй барпо гардид, ки дар он намояндаҳо узви ин ниҳоди раҳбарӣ гардиданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки ҷанг дар шаҳрҳо таъсири харобиовари башардӯстона дорад, аз ҷумла ба шумораи бениҳоят зиёди марги ғайринизомиён, ранҷу азобҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, тахриби хонаҳо ва инфрасохтори муҳими шаҳрвандӣ, халалдор шудани хидматрасониҳои асосӣ ва оворашавии густурдаи одамон оварда мерасонад.
Президенти КБСС Питер Маурер гуфт, ки «Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бояд тамоми нуфуз ва захираҳои худро барои рафъи мушкилоти дар пеш истода сафарбар намояд, онҳо натиҷаи рафтори тарафҳоро дар ин муҳитҳо, ки меҷанганд баррасӣ менамоянд ва мо даъват мекунем, ки ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ҳамчун авлавияти фаврӣ риоя карда шавад».
Президенти ФБҶССваҲА Франческо Рокка гуфт: “Чӣ гуна мо барои мубориза бурдан ва коҳиш додани таъсири тағирёбии иқлим на танҳо барои чанд соли оянда, балки барои даҳсолаҳои оянда низ талош меварзем».
“Дар саросари ҷаҳон, ихтиёриён ва кормандони мо бо одамон дар ҷамоаҳои худ кор мекунанд, то ба онҳо дар мутобиқ шудан ба бӯҳрони иқлимӣ кӯмак расонанд ва ошкоро, онҳо нисбат ба аксарияти пешвоёни сиёсии ҷаҳони мо омодагӣ, ҷасорат ва роҳбарии бештар нишон медиҳанд. Аз онҳо амал лозим аст, на сухани бештар. Ва ҳоло “Ҳамин чиз ба бӯҳрони байналмилалии муҳоҷирон дахл дорад. Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз пуштибонӣ аз ҳеҷ кас, ҳамбастагӣ ва инсондӯстӣ сухан меронад. Аммо, дар саросари ҷаҳон, мо мебинем, ки раҳбарони ҷаҳон ба мушкили муҳоҷирон ба қадри кофӣ ҷиддӣ муносибат намекунанд ва ба осонӣ омодаанд, ки ҳуқуқи башари фирориён аз низоъ, гуруснагӣ, таъқибот ва албатта он қисматҳои ҷаҳонро беэътиноӣ кунанд. тағирот аллакай ба ҷамоаҳои онҳо зарари беандоза расонидааст. ”
19 июни соли 2022 Франческо Рокка, Президенти ФБҶССваҲА, дар Ассамблеяи Генералии ба мӯҳлати дуюми чор соли фаъолият дубора интихоб шуд.
Дар ҷаласаи машваратии вакилон намояндагони чамъиятхои миллии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар барои халли проблемахои гуманитарй як катор резолютсияхо кабул карданд. Инҳо резолютсияҳо оид ба таҳдидҳои бӯҳрони иқлим, бӯҳрони афзояндаи муҳоҷират, оқибатҳои харобиовари ҷанг дар шаҳрҳо ва зарурати идомаи талошҳо барои нест кардани силоҳи ҳастаӣ мебошанд.
Баррасии масъалаҳои муҳоҷират ва кӯмак ба гурезаҳо як ҷузъи муҳими Шӯрои вакилони Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар шудааст.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин медалҳои Анри Дюнан ва Флоренс Найтингейл 2021-2022 тақдим карда шуданд.
Медали Анри Дюнан ҷоизаи олии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аст. Медали Флоренс Найтингейл ба ҳамшираҳои шафқат ва бародарони шавқат барои далерӣ ва садоқати фавқулодда дар кӯмак ба маҷрӯҳшудагон ва беморон, барои хидмати бебаҳо, рӯҳияи навоварона ва эҷодкорӣ дар тибби пешгирикунанда, тандурустии ҷамъиятӣ ва омӯзиши кормандони ҳамширагӣ дода мешавад.
Зимни сафари худ намояндагони ЧХАТ дар ҳамаи ҷаласаҳои оинномавии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуда, вохуриҳои дуҷонибаро бо Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари якчанд кишварҳо бапо намуданд.
Ҳайати ҶҲАТ махсусан бо намояндагони ҷамъиятҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон, Гвинея, Қувайт, Баҳрейн, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Молдова, Финландия, Ҳиндустон, Хитой, Зеландияи Нав, Бангладеж вохурӣ намуданд. Дар ин вохуриҳо ҷиҳати барқарор ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, дастгирии лоиҳаҳои башардӯстона ва ғайраҳо муҳокима гардиданд.
Умуман, иштирок дар чунин чорабиниҳои муҳим ба хайати ЧХАТ бисёр мухим буда, бахри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онњо оид ба мақомоти болоии Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва фаъолияти Ҷамъиятҳои Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарҳои кишварҳои ҷаҳон мусоидат хохад намуд.

Маркази иттилоотии ЧХАТ, 04 июни соли 2022