8-10 феврали соли 2022 дар толори меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе вохурии банақшагии барномаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дастгирӣ меёбанд, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)-масъулони барномаҳое, ки аз ҷониби КБСС маблағгузорӣ мегарданд, ва Дафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти КБСС ва ҶҲАТ баромад намуданд. Сипас, ҳамоҳангсозони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)-масъулони барномаҳое, ки аз ҷониби КБСС маблағгузорӣ мегарданд, оид ба фаъолияти барномаҳо дар соли 2021 ва нақшаҳои фаъолит барои соли 2022 баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ роҳбарони филиалҳои ҶҲАТ дар вилояти Суҳд, ВМКБ ва минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок ва баромад намуданд. Онҳо қайд намуданд, ки барномаҳои КБСС барои ҶҲАТ бисёр зарур буда, онҳо барои баланд бардоштани иқтидори ҶҲАТ мусоидат менамоянд.
Чорабинӣ дар шакли интерактивӣ баргузор гашта, иштирокчиён оид ба ҳар як масъалаи баррасишаванда ба гурўҳҳои хурд тақсим шуда, фикру пешниҳодоти худро барои такмил ва васеъ намудани фаъолият пешниҳод намуданд.
Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуки байналмилалии башардӯстии ҶҲАТ, 10 феврали соли 2022